Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим

Собирзода Нуралӣ Миралӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ 14-уми октябри соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1998-2003 донишҷӯи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, онро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодчӣ хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст:

-ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2003-2009);

-мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ (2004-2005);

-муовини декан оид ба таълими факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2005-2011);

-мудири кафедраи баҳисобгирию бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2011-2012);

-иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии ДМТ (2012-2013);

-муовини ректор оид ба иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ДМТ (2013 – 2020);

-муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020-2022);

-профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ (аз 21.02.2022 то 20.04.2022);

– аз 20.04.2022 то ҳоло – муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим.

Собирзода Нуралӣ Миралӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва дорандаи чандин мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорномаву сипосномаи сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ, аз қабили Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.