11604

Саразм – мавзеи сайёҳат ва омили рушди иқтисодиёт

Яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар аксари кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули ММД, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва алоқа, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсолоти маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

 Аз сарчашмаҳои иқтисодӣ маълум аст, ки ташрифи сайёҳон барои ҳар як давлат сарчашмаи муҳимми воридоти асъор, рушди иқтисодиёт ва имконияти инкишофёбиву таъмини шуғлмандии кишвар аст. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табии буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имкониятҳои зиёдеро дорад. Яке аз чунин мероси таърихиву фарҳангӣ, ки аз ҷониби сайёҳон хуш қабул гардидааст, ин шаҳраки қадимаи тоҷикон Саразм мебошад. Имрӯз Ҳукумати кишвар соҳаи сайёҳиро самти афзалиётноки сиёсати иқтисодии кишвар дониста, ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи иқтисодӣёт дар мавзеи таърихии Саразм шароити хуберо фароҳам месозад.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз пажуҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик дар Саразм ба роҳ монда шудааст ва табиист, ки дар ин самт вуруди сайёҳону мутахассисони соҳаи таърих рӯз то рӯз зиёд мегардад. Имрӯз метавонем гӯем, ки ёдгории Саразм ҳамчун мавзеи таърихӣ дар рушди сайёҳӣ ва иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунанд. Хушбахтона, имрӯзҳо таҳти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар мавзеи мазкур дар баробари корҳои ҳафриётӣ, инчунин, корҳои ободонӣ ҷараён дорад ва барои сайёҳон тамоми шароит фароҳам сохта шуда истодааст.

 Имрӯз яке аз корҳои муҳиме, ки барои муаррифии ёдгории Саразм лозим аст, ин тарғибу ташвиқ ва муаррифии ин ёдгорӣ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар илм ин самтро бо таъбири реклама корбаст мекунанд, яъне имрӯз реклама барои ҷалби сайёҳон бисёр зарур ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ, маводи ҳуҷҷатӣ, тасвирӣ, аксҳо ва филмӣ барои ёдгории Саразм зарур аст.

 Хушбахтона, тибқи таҳлилҳо маълум гардид, ки дар арафаи таҷлили 5500-солагии ин ёдгории бемисл Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳнамои аудиоиро барои шиносоӣ бо таърихи Саразм бо забонҳои русӣ ва англисӣ барои сайёҳон омода ва дар шабакаи интернет ҷойгир намудаанд. Акнун сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд роҳнамои мазкурро аз ин замима —https://izi.travel/en/aea5-historico-archeological-site-sarazm/en ройгон дастрас намуда, бо маконҳои таърихии ин мавзеи бостонӣ шинос шаванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки замимаи мазкур аз ҷониби ҳазорон истифодабарандагон, аз ҷумла аз тарафи намояндагони осорхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон истифода бурда мешавад. Тибқи маълумоти омории Кумита сомонаи мазкурро ҳар моҳ ҳафт миллион нафар аз 100 мамлакати дунё ва 2250 шаҳрҳои олам бо забонҳои гуногун тамошо мекунанд. Қобили қайд аст, ки Саразм яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ эътироф шудааст ва он дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад. Ин ёдгории таърихӣ қадимтарин манзилу маскану шаҳраки ниёгонамон ба ҳисоб рафта, тибқи маълумоти сомонаҳои иҷтимоӣ дар соли 2018 34800 нафар сайёҳон, аз ҷумла 24120 нафар сайёҳони дохилӣ ва 10680 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ин мавзеи бостонӣ дидан намуданд. Дар хотима сухан метавон гуфт, ки кашфи Саразм яке аз дастовардҳои нодири охири асри XX ва давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун мавзеи таърихию сайёҳӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешрафти самтҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

                                                                                           Олимзода ИКРОМ,донишҷӯи факултети иқтисод ва идора