Шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои бонуфузтарини илм, маданият, маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. 

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ  ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳ нақши муҳимро аспирантура, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, мебозад. Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти №152 аз 05.10.1950 с. Вазифаи мудири шуъбаи аспирантура муваққатан ба уҳдаи дотсент Шибаев Ю.А. вогузошта шуд. Дар соли аввали таъсисёбии аспирантура дар он ҳамагӣ 5 нафар аспиранти соҳаи гуманитарӣ таҳсил мекарданд. Соли дигар ба аспирантура боз 6 нафар аспирантони ҳамон соҳа қабул шуда буданд. 

Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ нақши муҳимро марказҳои бузурги илмии собиқ Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Воронеж, Новосибирск, Тбилисӣ ва ғайра бозиданд. 

Аввалин ҳимояҳои номзадӣ соли 1951 дар Донишгоҳ шуда гузашт. Аввалин диссертанти Донишгоҳ ин В.И. Ченишев, ки рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: “ Млекопитающие тугаев Таджикистана ” буд, 3 июли соли 1951 барои гирифтани унвони илмии номзади илми биология ҳимоя кард ва С.Д. Арзуманов рисолаи  номзадиашpo аз рӯи “Китоби забони тоҷикӣ барои калонсолон” 28 сентябри соли 1951 ҳимоя карданд. 

Бо сабаби набудани Шӯрои диссертатсионӣ солҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ диссертатсияҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон дифоъ карда мешуданд. 

Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи тоҷик Нарзуллоев Б.Н., Тоҷиев Д.Т., Ёқубов Х.М., Каримов Ҳ.К., Ҳусейнзода Ш.., Мелкумов В.Г., Баҳоваддинов А.М., Юсупов С.М., Субҳонқулов М.А., Назаршоев М.Н., Асрорӣ В.М., Сафаров Ҳ.М.,  Усмонов О.У. ва дигарон саҳми зиёде гузоштаанд. 

Олимони ДМТ ба кишварҳои хориҷӣ низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ кумаки башардӯстона мерасонад. Ҳоло дар аспирантураи ДМТ аспирантон ва унвонҷӯён аз Ҷумҳуриҳoи Исломии Эрон, Афғонистон, Хитой, Ироқ, Туркманистон, Амрико ва ғайра таҳсил ва фаъолияти илмӣ мебаранд. 

Масъалаи тайёр намудани докторҳои илм мақоми махсусеро ишғол мекунад. Сараввал барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос – докторони илм бо роҳи гузаронидани устодон ба сифати Ходими калони илмӣ (ХКИ) то 2 сол барои навиштан ва ҳимоя намудани рисолаи докторӣ, ба амал оварда мешуд. 

ДДТ ба номи В.И.Ленин аз соли 1960 сар карда ба Вазорати маорифи халқии СССР муроҷиат намудааст, то ки ба Донишгоҳ барои дифоъи рисолаҳои докторӣ аз рӯи ихтисосҳои таърихи ССР, таърихи Тоҷикистон, филологияи тоҷик ва биология иҷозат диҳанд. Дар натиҷа, танҳо соли 1964 ба Эркаев М.И. барои ҳимояи яквақтаи (разовая защита) рисолаи докторӣ дар ДДТ иҷозат дода шуд ва ҳамчун рисолаи докторӣ китоби М.И.Эркаев «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон», ки ба забони русӣ нашр шуда буд, пешниҳод шуд. 

Cоли 1987 ДДТ ба номи В.И.Ленин ба қатори мактабҳои пешқадами мамлакат дохил карда шуд, ки ин масъулияти Донишгоҳро дар тайёр кардани кадрҳoи илмӣ-педагогӣ хеле зиёд мекард. 

Масъалаи кушодани докторантура дар ДДТ ба номи В.И.Ленин дар қисми илмии Донишгоҳ омӯхта шуд ва дар ҷаласаи Шӯрои олимон муҳокима карда шуд. Дар натиҷа ба хулосае омаданд, ки дар Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои зерин кушодани докторантура лозим аст: таҳлил математикӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математикӣ, иқтисод, ташкили идоракунӣ ва банақшагирӣ дар истеҳсолот, таърихи СССР, адабиёти халқҳои СССР, забонҳои халқҳои СССР. 

Дар натиҷа бо фармони Кумитаи давлатии маорифи халқи СССР таҳти №267 аз 10.08.1988 c. дар Донишгоҳ докторантура таъсис ёфт. Худи ҳамон сол бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 26.12.1988 c. 4 нафар ба докторантура қабул шуданд. 

Агар соли 1950 дар аспирантураи Донишгоҳ 5 нафар аспирант таҳсил карда бошанд, шумораи онҳо то 1-уми январи соли 2014  ба 47,6 маротиба афзуда, ба 374 нафар расид (174 нафар шуъбаи рӯзона ва 160 нафар шуъбаи ғоибона). 

Айни ҳол дар 17 факултети Донишгоҳ аз рӯи 16 самт ва 125 ихтисос кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тайёр кардани мешавад. Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи Донишгоҳ Раҷабов Н.Р., Қосимова М.Н., Набиева Р.Н., Аминҷонов А.О., Юсупов З.Н., Шарипов Х.Ш., Ғаниев Т.Б., Кӯчаров А., Холиқов Ш.Х., Имомов М.С., Тоҳиров Ф.Т., Маҳмудов М.А., Ёқубова М.М., Менглиев Ш.М., Туйчиев Ш.Т. ва дигарон саҳми худро  мегузоранд. 

Шуъбаро мудир роҳбарӣ менамояд. Солҳои тӯлонӣ роҳбарии шуъбаи аспирантура ва докторантураро кормандони донишгоҳ Г.Д. Захарова (то соли 1986) ва Венеров Н. (1987) Лозинская Л.П.  (солҳои 1987-1995), Шукурова С.М. (1995-2000), Зуҳурова М.Б. (2000-2009), Комилов Р.С. (2009-2010), Холиқова Л.Р. (2010-2012) ба уҳда доштанд. Аз соли 2012 инҷониб мудири шуъбаи аспирантуpа ва докторантура Манонов К.А. мебошад.

ДОКТОРАНТОНИ Ph.D, ДОКТОР АЗ РӯИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД 
  
т/рНомгӯи ихтисосРамз 
 
1Педагогика ва психология6D010300 
2Математика6D010900 
3Физика6D011000 
4Информатика6D011100 
5Кимиё6D011200 
6Биология6D011300 
7Таърих6D011400 
8Асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт6D011500 
9География6D011600 
10Забон ва адабиётитоҷик6D011700 
11Забон ва адабиёти рус6D011800 
12Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ6D011900 
13Таълими касбӣ (аз рӯи ихтисос)6D012000 
14Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайритоҷикӣ6D012100 
15Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои забони таҳсилоташон ғайрирусӣ6D012200 
16Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ6D012300 
17Арзёбии педагогӣ6D012400 
18Фалсафа6D020100 
19Муносибатҳои байналхалқӣ6D020200 
20Таърих6D020300 
21Фарҳангшиносӣ6D020400 
22Филология6D020500 
23Диншиносӣ6D020600 
24Кори тарҷумонӣ6D020700 
25Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ6D020800 
26Шарқшиносӣ6D020900 
27Филологияи хориҷӣ6D021000 
28Забоншиносӣ6D021300 
29Адабиётшиносӣ6D021400 
30Исломшиносӣ6D021500 
31Ҳуқуқшиносӣ6D030100 
32Ҳуқуқи байналхалқӣ6D030200 
33Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ6D030300 
34Кори гумрукӣ6D030400 
35Иҷтимоӣ6D050100 
36Сиёсатшиносӣ6D050200 
37Психология6D050300 
38Рузноманигорӣ6D050400 
39Минтақашиносӣ6D050500 
40Иқтисодӣ6D050600 
41Менеҷмент6D050700 
42Баҳисобгирӣ ва аудит6D050800 
43Молия6D050900 
44Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ6D051000 
45Маркетинг6D051100 
46Омор6D051200 
47Иқтисодиёти ҷаҳон6D051300 
48Бойгонишиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳуҷҷатнигорӣ6D051500 
49Рузноманигории байналхалқӣ6D051600 
50Менеҷменти инноватсионӣ6D051700 
51Идоракунии лоиҳаҳо6D051800 
52Ташкил ва бамеъёргирии меҳнат6D051900 
53Бизнес-маъмуриятчигӣ6D052000 
54Математика6D060100 
55Информатика6D060200 
56Механика6D060300 
57Физика6D060400 
58Физикаи ядро6D060500 
59Химия6D060600 
60Биология6D060700 
61Экология6D060800 
62География6D060900 
63Гидрология6D061000 
64Астрономия6D061100 
65Метеорология6D061200 
66Геоботаника6D061300 
67Биотехнология (аз рӯи соҳаҳо ва татбиқ)6D070100 
68Автоматикунонӣ ва идоракунӣ6D070200 
69Системаҳои иттилоотӣ (аз рӯи соҳаҳо)6D070300 
70Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ6D070400 
71Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ6D070500 
72Геология   ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок6D070600 
73Кӯҳкорӣ6D070700 
74Корҳои нафту газ6D070800 
75Масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳҳои навин6D071000 
76Геодезия6D071100 
77Энергетикаи электорикӣ6D071800 
78Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия6D071900 
79Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ6D072000 
80Технологияи химиявии моддаҳои органикӣ6D072100 
81Физикаи техникӣ6D072300 
82Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист6D073000 
83Технологияи химиявии моддҳои тарканда ва маҳсулоти пиротехникӣ6D073400 
84Ғанигардонидани канданиҳои фоиданок6D073700 
85Технологияи коркарди масолеҳ таҳти фишор6D073800 
86Химияи нафт6D073900 
87Наномасолеҳҳо ва нанотехнологияҳо (аз рӯи соҳаҳои татбиқ)6D074000 
88Усулҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданок6D074700 
89Технологияи истеҳсолоти фармасевтӣ6D 074800 
90Кори маркшейдерӣ6D 074900 
91Метрология6D 075000 
92Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ6D 075100 
93Система ва шабакаҳои муҳандисӣ        6D075200 
94Технологияи химиявии масолеҳи душворгудози ғайриметаллӣ ва силикатӣ6D075300 
95Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ6D075500 
96Туризм6D090200 
97Логистика (аз рӯи соҳаҳо)6D090900 
98Китобдорӣ6D091000 
99Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат6D091100 
100Системаи иттилоотии амният6D100200 
101Фарматсевтӣ6D110400 

НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӯИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАД:

– ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет    

(ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

– нусхаи шиноснома;

– анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

– нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва  

баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ  

карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

– сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

– мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. 

Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

АСПИРАНТОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӯИ ИХТИСОСҲОИ 
ЗЕРИН ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД 
т/рРамзи ихтисосНомгӯи ихтисос 
 
101.01.01Таҳлили риёзӣ 
201.01.02Муодилаҳои дифференсиалӣ 
301.01.07Математикаи ҳисоббарорӣ ва механика 
401.04.02Физикаи назариявӣ 
501.04.05Оптика 
601.04.07Физикаи ҳолатҳои конденсӣ 
701.04.16Физикаи ҳастаи атомӣ 
802.00.01Кимиёи ғайриузвӣ 
902.00.02Кимиёи аналитикӣ 
1002.00.03Кимиёи органикӣ 
1102.00.04Кимиёи физикӣ 
1202.00.06Пайвастҳои калонмолекулӣ 
1303.00.04Биокимиё 
1403.00.05Ботаника 
1503.00.08Зоология 
1603.00.12Физиологияи растаниҳо 
1703.00.13Физиология 
1803.00.16Экология 
1905.13.18Моделсозии математикӣ 
2005.13.19Усулҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот, бехатарии иттилоот 
2105.17.01Технологияи моддаҳои ғайриузвӣ 
2207.00.02Таърихи ватанӣ 
2307.00.03Таърихи умумӣ 
2407.00.09Таърихнигорӣ, манбашиносӣ ва усулҳои тадқиқотҳои таърихӣ 
2507.00.15Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати беруна 
2608.00.01Назарияи иқтисодӣ 
2708.00.05Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳо) 
2808.00.10Молия, муомилоти пулӣ ва қарз 
2908.00.12Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор 
3008.00.13Усулҳои математикӣ дар иқтисодиёт 
3108.00.14Иқтисодиёти ҷаҳон 
3209.00.03Таърихи фалсафа 
3309.00.11Фалсафаи иҷтимоӣ 
3410.01.03Адабиёти мамолики хориҷӣ (бо нишондоди ихтисос) 
3510.01.08Назарияи адабиёт. Матншиносӣ 
3610.01.10Журналистика 
3710.02.20Забонишиносии қиёсӣ-таърихӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва забоншиносии типологӣ 
3810.02.22Забонҳои мамолики хориҷи Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (бо нишондоди забони ихтисос) 
3912.00.01Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат 
4012.00.02Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии   конститутсионӣ ва ҳуқуқи   мунисипалӣ 
4112.00.03Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ,   ҳуқуқи байналхақии хусусӣ 
4212.00.08Ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 
4312.00.11Ҳокимияти судӣ; назорати прокурорӣ; ташкили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура 
4413.00.01Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика
ва маориф
 
4513.00.02Назария ва методикаи омӯзиш ва тарбия (бо нишондоди ихтисос) 
4619.00.01Психологияи умумӣ, психологияи шахсият, таърихи психология 
4722.00.01Назария, методология ва таърихи сотсиология 
4823.00.02Институти сиёсӣ, низоъшиносии сиёсӣ, технологияи сиёсӣ 
4925.00.04Петрология, вулканология 
5025.00.05Минералогия, кристаллография 
5125.00.07Гидрогеология 
5225.00.08Геологияи муҳандисӣ 
5325.00.09Геохимия ва усулҳои геохимиявии канданиҳои фоиданок 
5425.00.11Геология, ҷустуҷӯ ва инкишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения 

НОМГӯИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОХИЛШАВӣ БА АСПИРАНТУРА

1.Ариза ба номи ректори ДМТ бо розигии мудири кафедра ва декани факултет   (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

2.Нусха (копия) – и диплом бо замимаи баҳоҳо;

3.Варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4х6;

4.Шарҳи ҳол;

5.Хислатнома (характеристика);

6.Нусхаи варақаҳои имтиҳони номзадӣ (агар қабл аз дохилшавӣ ба аспирантура супорида шуда бошад);

7.Рӯйхати таълифоти нашршуда ё реферат аз ихтисос дар ҳаҷми 25-30 саҳифа бо тақриз;

8.Тавсияи Шӯрои олимони факултет ба хатмкунандагони соли 2016 (бо баҳои 4 ва 5) ва тавсияномаи КАД (Комиссияи Аттестатсияи Давлатӣ)

9.Маълумотномаи духтур (Ф – 086);

10.Дафтарчаи меҳнатӣ барои аспирантони шуъбаи рӯзона (барои ғоибона нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ);

11.Нусхаи шиноснома (копияи паспорт) ;

12.Ҷузвдон (папка – файл)

Ҳуҷҷатҳои бо расм насбшуда танҳо дар маҷмааи бутун қабул карда мешавад;

Қабули ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба аспирантура аз 30 август то 1 октябри соли 2016;

Оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантура аз 15 октябр то 20 ноябри соли   2016;

Ҳангоми супоридани имтиҳон ҳар як довталаб бо шиносномаи худ шахсан ба имтиҳон ворид мешавад.

Имтиҳонҳои қабул:

1.Фалсафа

2.Забони хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ)

3.Ихтисос

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба аспирантура ҳатман тибқи барномаву талаботи кафедраҳои марбут бо фанҳои зикршуда сурат мегирад.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Тел: 221-72-29