Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Мирзамонзода Х.М. 20-июли соли 1977 таваллуд шудааст. Соли 1994 ба шуъбаи рӯзонаи факултети дорусозии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1996 бо дипломи «аълочӣ» ва худи ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2001-ум онро бо дипломи «аълочӣ» хатм намудааст. Фаъолияти кориро аз ҳамин Донишгоҳ оғоз намуда, аз ҷумла: солҳои 2001-2003 – ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ; солҳои 2003-2006 – унвонҷуйи кафедраи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятии Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Москва; солҳои 2006-2008 – ассистент ва аз соли 2008 инҷониб дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Солҳои 2008-2010 дар вазифаи сарҳуқуқшиноси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар назди он аввалин Суди ҳакамии доимоамалкунандаро таъсис дод. Бо ташаббуси ӯ заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фаъолияти Суди ҳакамӣ мутобиқи талаботҳои қонунгузории амалкунанда таҳия ва қабул гардиданд. Баҳри пиёда намудаи усулҳои нави омӯзиш дар раванди таълим ва омода намудани мутахассисони замонавии бархӯрдор аз малакаҳои касбии ҳуқуқшиносӣ лоиҳаи «Клиникаи ҳуқуқӣ»-ро эҳё намуда, солҳои 2012-2014 Роҳбарии Клиникаи ҳуқуқии Донишгоҳро ба дӯш дошт.

Мирзамонзода Х.М. то моҳи августи соли 2014 муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ буда, баъдан ба вазифаи муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ таъйин шуд. Мавсуф узви Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ соли 2006 дар шаҳри Москва дар Шӯрои диссертатсионии назди Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Москваи Федератсияи Русия дар мавзӯи «Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили қиёсӣ-ҳуқуқӣ» рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Бо фармони Вазири маориф ва илми Федератсияи Русия (2014) соҳиби унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси 12.00.11 – «фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳуқуқҳимоявӣ ва ҳуқуқмуҳофизавӣ» гардидааст.

Мирзамонзода Х.М. муаллифи беш аз 135 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои бонуфузи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, дар марказҳои илмии як қатор кишварҳои дунё, аз қабили Олмон, Швейтсария, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Туркия, Чин, Лаҳистон, Арманистон, Украина, Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон такмили ихтисос намудааст.

Ӯ ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015) ва машваратчии аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-2017 ва лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ фаъолият кардааст.

Ҳамзамон, барои хизматҳои шоён дар самти пешравии ҳаёти ҷамъиятӣ, илмию таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар кишвар бо як қатор мукофоту медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гаштааст: аз ҷумла бо медали «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»; медалҳои ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон»; «90-солагии мақомоти адлия ва судҳои Тоҷикистон»; «20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ», «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ»; «25-солагии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва ДМТ.