Таърихи ДМТ

1947– Университети давлатии Тоҷикистон (Қарори Совети Вазирони СССР аз 21.03.1947, № 643).

1997 – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДДМТ) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.1997, №669).

2008 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2008, №556).

Заминаҳои таъсиси донишгоҳ

Тамаддуни оламшумули аҷдодони тоҷику форс дар замони ҳуҷуми хилофати араб хароб гардиданд. Дар замони ба сари қудрат омадани сулолаҳои тоҷику форс Бармакиён, Тоҳириёну Саффориён ва хусусан сулолаи Сомониён чунин донишгоҳҳо эҳё шуданд. Дар аҳди Салчуқиён, солҳои дар вазифаи вазир будани Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ бини Исҳоқ- Низомулмулк (1063-1092) дар як қатор шаҳрҳо: Бағдод, Нишопур, Ҳироту Балх, Марв ва ғайра бо ташаббуси ӯ мадрасаҳои сифатан нав таъсис ёфтанд, ки онҳо бо номи Низомия машҳур мебошанд. Дар мадрасаҳо ба ғайр аз Қуръони маҷид, ҳадисҳои набавӣ, инчунин, илмҳои ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт, нуҷум ва ғайра таълим дода мешуданд. Онҳоро мутафаккири бузург Карл Маркс академия номидааст. Чунин академияҳо баъдтар дар нимаи дуввуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар зери таъсири дигаргуниҳҳои матлуби илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, Қуқанду Бухоро пайдо шуданд. Ҳатто бо ташаббуси бухориёни бомаърифат чунин мадрасаҳо дар Сибири Ғарбӣ низ ташкил ёфтанд, ки яке аз онҳо бо номи мадрасаи Ембаево (маҳали сукунати бухориён) шуҳрат пайдо карда буд. Онҳо дар ҷаҳони ислом нақши университетро доштанд. Ин ҳама таълимгоҳҳо дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик нақши тақдирсоз гузоштанд.

Ба шарофати ғалабаи Инқилоби Октябр, барпо шудани сохти нави шуроҳо бо вуҷуди тазоду ихтилофҳо, тоҷикон имкон пайдо карданд, ки давлати миллии худ – Тоҷикистонро ташкил намоянд. Маҳз дар ин давра барои ба таври куллӣ тағйир додани сохти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар заминаҳои зарурӣ пайдо шуданд. Яке аз омилҳои дар оянда дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадани мактабҳои ҳамагонӣ, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олӣ ва билохира университет дар байни мардум барҳам додани бесаводӣ мебошад. Барои маҳви бесаводӣ ба воя расонидани мутахассисон зарур буд. Дар солҳои 20-ум дар як қатор шаҳрҳои тоҷикнишин – Самарқанду Хуқанд, Кӯлобу Душанбе бо мақсади аз байни тоҷикон тайёр намудани муаллимон курсҳои махсус таъсис дода шуданд. Соли 1926 дар пойтахти ҷумҳурӣ аввалин техникуми чорсолаи муаллимтайёркунӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуд. Охири соли 1924 дар шаҳри Тошканд институти муаллимтайёркунии тоҷикӣ таъсис ёфта, аз нимаи соли 1927 ба ихтиёри Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дода шуд. Институти муаллимтаёркунии Тошканд барои ба камол расонидани зиёиёни тоҷик нақши муҳимеро бозидааст. Шоири халқии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, нависанда ва олими маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, доктори илм, профессор ва мудири кафедраи таърихи партияи ДДТ, аввалин академики Академяи илмҳои педагогии СССР Мулло Эркаев, профессор В.Асрорӣ ва дигарон дастпарварони ҳамин институт мебошанд.

Аввалин мактабҳои маҳви бесаводӣ

Солҳои 20-30-юм ба таърихи халқи Тоҷикистон чун солҳои муборизаи шадиди маҳви бесаводӣ ворид гаштааст. Дар саросари кишвар курсҳои маҳви бесаводӣ амал мекарданд. Мубориза баҳри маҳви бесаводӣ дар ҷумҳурӣ бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда натиҷаҳои назаррас дод. Дар шароити тезутунди маҳви бесаводӣ барои донишомӯзӣ моҳи сентябри соли 1923 дар мамлакат ҷамъияти «Нест бод бесаводӣ» ва дар Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон шуъбаҳои он соли 1925 таъсис дода шуданд. Ин ҷамъиятҳо дар корхонаҳои саноатӣ, совхозҳо, дар аввалин кооперативҳои деҳқонӣ ячейкаҳои худро доштанд. Шумораи мактабҳои маҳви бесаводӣ сол аз сол меафзуд. Гуфтан кифоя аст, ки дар давоми панҷ соли хониш (1925-1926 то 1931-1932) шумораи шуъбаҳои маҳви бесаводӣ ба 3360 ва шумораи талабагони он ба 134772 расид. Ба ибораи дигар, дар ин муддат шумораи шуъбаҳои маҳви бесаводӣ 500 маротиба, талабагони онҳо қариб 1000 маротиба зиёд гардид. Ба таълим ҷалб кардани занон 500 маротиба афзуд. Шумораи умумии одамони саводноки ҷумҳурӣ то 25% расид.

Дар инкишофи маорифи кишвар қарори КМ ПК Тоҷикистон «Дар бораи маорифи халқи тоҷик» аз 6 апрели соли 1930 аҳамияти калон дошт. Афзоиши шумораи мактабҳои ибтидоӣ ва мактабҳои маҳви бесаводӣ, дар навбати худ зиёд шудани кадрҳои муаллимонро талаб мекард. Ба ин мақсад мебоист дар муддати кутоҳ донишкадаҳои педагогӣ: курсҳои кутоҳмуддати педагогӣ (курсҳои яксола, дусола ва курсҳои тобистонаи азнавтайёркунии муаллимон ва ғайра), техникумҳои педагогии статсионарӣ кушода мешуданд. Дар воқеъ, дар муддати солҳои хониши 1928/1929 то 1932/1933 шумораи техникумҳои педагогӣ аз 3 то 17 расид, курсҳои педагогӣ бошад аз 4 то 36 афзуд. Ҳамзамон шумораи хатмкунандагони техникумҳо аз 360 то 2020 ва хатмкунандагони курсҳои педагогӣ аз 274 то ба 2779 расид.

Таъсиси аввалин донишкадаи олӣ дар Тоҷикистон ба Университети давлатии Осиёимиёнагӣ (Средниазиатский Государственный Университет (САГУ)) вобаста аст. Дар заминаи шуъбаи таърих, иқтисодиёт ва забони донишгоҳи номбурда, ки ба шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд, Институти агропедагогии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Он дорои шуъбаҳои физикию техникӣ, агробиологӣ ва ташкилӣ- педагогӣ буда, фаъолияти худро аз 1-уми сентябри соли 1931 оғоз намуд. Моҳи ноябри ҳамон сол ин донишкада ба комбинати таълимии агропедагогӣ табдил дода шуд. Он институти педагогӣ ва техникуми педагогӣ курсҳои тайёрии кадрҳои ташкилотҳои ноҳиявӣ ва методистони халқро дар бар мегирифт. Аз моҳи сентябри соли 1932 агрокомбинат унвони академияи педагогиро гирифт. Қайди чунин далели таърихӣ бамаврид аст, ки Раҷабов Зариф Шарифович ректори ояндаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1932 мудири қисми илмӣ ва омӯзишии ҳамин академияро бар уҳда дошт. Баъдтар моҳи апрели соли 1934 академия ба Институти педагогии Душанбе табдил дода шуд.

Соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд институти педагогӣ таъсис ёфт, ки он номи С.М.Кировро гирифт (Баъдтар Университети давлатии ба номи Бобоҷон Fафуров). Баъд аз муддате бо сабаби фарорасии заминаҳои зарурӣ соли 1939 дар шаҳри Сталинобод ба номи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.

Ҳамин тавр, дар охири солҳои 30-юм дар Тоҷикистон институтҳои педагогӣ, тиббӣ, зироат, ду институти муаллимтайёркунӣ ва 29 техникум амал мекарданд, ки теъдоди донишҷӯёни онҳо беш аз 7 ҳазор буданд. Ҳамзамон беш аз як ҳазор нафар писарону духтарони маҳалии ҷумҳурӣ дар мактабҳои олии шаҳрҳои Маскав, Ленинград (Санк-Петербурги имруза), Тошканд таҳсил карда, дар соҳаҳои илму фарҳанг ихтисос ва маълумоти олӣ мегирифтанд.

Талошҳои аввалин барои таъсиси донишгоҳ

Сохти шуравӣ, бо вуҷуди тазодҳои сиёсӣ ва мафкуравии худ имконияти зарурӣ фароҳам овард, ки тоҷикон соҳиби давлати миллии худ шаванд ва барои маҳви бесаводӣ ва камсаводӣ чораҳои воқеиро ба миён оваранд. Ёрии амалии давлати шуравӣ ва ҷумҳуриҳои бародарии он дар Тоҷикистон барои ба миён омадани аввалин Университет хуб мусоидат карданд ва дар таҳкими минбаъдаи заминаҳои воқеии он фаъолона ширкат варзиданд. Чунин буданд, баъзе аз омилҳое, ки боиси ибтидои солҳои 40-уми асри ХХ дар Тоҷикистон кушодашавии донишгоҳҳо гаштанд.

Вале Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ки идомаи ҷанги дуюми ҷаҳон буда, 1418 шабонарӯз давом кард, садди иҷрои нақшаҳои бузург ва наҷибонаи тамоми мардуми советӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гашт. Тоҷикистон чун дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дур аз корзори набард буд, чун узви таркибии Иттифоқи Шуравӣ зидди хатари асорати фашизм ба по хест. Беш аз 260 ҳазор Тоҷикистониён ба даст яроқ гирифта, баҳри ҳифзи Ватани азизи худ ба корзори ҷанг рафта зидди фашизми гитлерӣ қаҳрамонона мубориза бурданд.

Баъд аз ғалаба аз болои фашизм халқи советӣ дар шароити ниҳоят душвор барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакат дилгармона умр ба сар мебурд. Дар ҳама ҷойи шаҳру деҳоти мамлакат оқибати харобиоварии ҷанги хонумонсӯз ба чашм мерасид. Дар чунин шароит 21-уми марти соли 1947 дар бораи таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон қарори №643-и Шӯрои Вазирони СССР бо имзои Раиси он И.Сталин ба тасвиб расид.

Таъсиси аввалин университет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он ба номи аллома Бобоҷон Fафуров – сарвари онвақтаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон марбут аст. Маҳз бо ташаббуси эшон КМ ПК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон (Ҷ.Расулов) ба Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки дар бораи дар Тоҷикистон ташкил намудани Университет мусоидат намояд. Дере нагузашта Бобоҷон Fафуров ва Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов ба роҳбарияти ҳизбӣ ва Шӯрои Вазирони СССР дар бораи зарурати дар Тоҷикистон ташкил намудани Университети давлатӣ таклиф пешниҳод карданд. Пешниҳоди сарварони РСС Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи Шӯравӣ мусбӣ пазируфта шуд. 21-уми марти соли 1947 дар Маскав қарори Шӯрои Вазирони СССР таҳти рақами №643 оид ба таъсис додани Университети давалатии Тоҷикстон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони СССР И.Сталин ва Раиси умури идораи он Я.Е.Чадаев ба имзо расид. Қарори мазкур таъсиси 4 факултет: физикаю математика (бо шуъбаи химия); хокшиносӣ-геологӣ-география; биология; таъриху филология ҳамроҳ бо шуъбаи шарқшиносиро пешбинӣ мекард. Вале мувофиқи имконияти он замон сохтори Университет соли 1948 андаке тағйир ёфт. Дар ин бора далелҳои сершумор, аз ҷумла, хотираҳои аввалин ректори Университет Раҷабов Зариф Шарифович шаҳодат медиҳанд. Аз хотираҳои Зариф Раҷабов «Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи ташкили Университет дар ҷумҳурӣ ба миён омад ва Бобоҷон Fафуров чун котиби якуми КМ ПК(б) Тоҷикистон борҳо ба Совети Вазирони СССР муроҷиат намуд. Дар асоси ин пешниҳод моҳи марти соли 1947 Совети Вазирони СССР дар хусуси ташкили Университети давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард».

 Табиист, ки баъди имзои қарор оид ба таъсиси Университет дар назди роҳбарияти Тоҷикистон, дар навбати аввал котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров масъалаи ба вазифаи ректор пайдо кардани шахси баобруву боэътибор, кордону ботаҷриба, олиму корманди масъулиятшинос истода буд. Пайдо кардани чунин шахсият дар он солҳои душвори баъдазҷангӣ кори басо душвору сангин буд. Интихоби Бобоҷон Fафуров ба Зариф Раҷабов афтод, ки ин бесабаб набуд. Бино ба маълумоти олими шинохта муаллифи китобҳои хеле пурарзиш оид ҳам ба аллома Бобоҷон Fафуров ва ҳам устод Зариф Раҷабов профессор Усмонҷон Ғаффоров ҳануз солҳои 20-ум бо ҳам чун комсомолони аввалини Хуҷанд шинос буданд. Ҳарду дар солҳои 30-юм дар як вақт яке- Б.Ғафуров дар Маскав дар Институти умумииттифоқии журналистика ва дигаре -З.Раҷабов дар Ленинград дар аспирантура таҳсил намуда, ҳарду дар вақти таътил ба Хуҷанд омада, дар рӯзномаи «Ба роҳи ленинӣ» кор мекарданд. Б. Ғафуров хуб медонист, ки З.Раҷабов бо тавсияи академик С.Ф.Олденбург –аввалин раиси маркази Тоҷикистонии АИ СССР ба аспирантураи Институти шарқшиносии АИ СССР қабул шуда буд. З. Раҷабов соли 1937 аз байни тоҷикон нахустин шуда ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих мушарраф гашта буд. Илова ба ин Бобоҷон Fафуров огоҳ буд, ки З.Раҷабов ҳанӯз охири солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юм дар Самарқанду Тошканд омӯзгору мудири кафедраи таърихии СССР-и Институти муаллимтайёркуниро ба уҳда дошт, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, вазифаи масъули директории Институти таърихи АИ Ӯзбекистонро иҷро мекард. Ин ҳама дар бораи таҷрибаи бойи донишмандию ташкилотчигии мавсуф шаҳодат медод. Дере нагузашта, Вазири маълумоти олии СССР С.В.Кафтанов бо фармони худ 27-уми феврали соли 1948 З.Ш.Раҷабовро ректори Унивреситети давлатии Тоҷикистон таъйин кард. Устод Зариф Раҷабов дар бораи ин масъала меафзояд. «Баъди чанде ман баъди гирифтани фармони Вазир оид ба ректори Университет таъйин гардиданам ба Сталинобод омадам ва ҳамоно маро Б.Ғафуров қабул кард. Дар вақти суҳбат вазифаҳои асосиро оид ба ташкили Университет муайян кардем. Б.Ғафуров маро огоҳонид, ки дар ҷараёни кори ташкилӣ мушкилот пеш ояд, Кумитаи Марказӣ тайёр аст, мадад расонад.

Дар ҳақиқат, дар тӯли шаш соли ректори УДТ буданам ман ҳамеша ёрии КМ Тоҷикистон, Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, ташкилотхои ҳизбӣ ва советии Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ҳис мекардам. Бидуни кумаки бевоситаи онҳо ягон масъалаи муҳиме, ки ба фаъолияти университет дахл дошт, наметавонистем ҳал намоем. Маҳз ҳамин ғамхорӣ буд, ки бинои университет, кадрҳои болаёқат ва дигар мушкилиҳо ҳал карда шуданд. Ҳамаи ин дар маркази диққати КМ ПК Тоҷикистон, Совети Вазирони ҷумҳурӣ ва шахсан Бобоҷон Ғафуров буд».

 Ташкили базаи моддӣ-техникӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ташкили Университет, бешубҳа ҳал намудани масъалаи базаи моддӣ-техникии он, аз ҷумла бинои таълимгоҳ ва хобгоҳ барои устодон ва донишҷӯён ба ҳисоб мерафт. Дар шароити душвори баъдиҷангӣ ҳал намудани ин масъала хеле душвор буд. Ҳоло маълум набуд, ки донишҷӯён дар куҷо, дар кадом бино таълим мегиранд. То таъсисёбии Университет ду нафар кормандони ректорати он дар як утоқи хурди бинои Филиали АИ СССР ҷой гирифта буданд. Аввалин бинои хобгоҳи донишҷӯён воқеъ дар хиёбони Кӯйбишев дар паҳлӯи Вазорати молия ҳануз барои истифода омода набуд. Аз ин сабаб довталабони Университет-хатмкунандагони мактаб-интернатҳои Душанбеву Хуҷанд ва ноҳияҳои дигарро бо осоишгоҳи Қаратоғ оварда буданд.

Соли нахустини таълим дар Университет дар бинои таълимии Институти омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод С. Айнӣ) оғоз гашт. Маъмурияти Донишгоҳ низ дар ҳамин бино ҷой гирифта буд.

Сохтори Университети давлатии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони СССР аз 21 марти соли 1947 таҳти рақами 643 аз 4 факултет: физикаю математика (бо шуъбаи химия), хокшиносӣ-геологӣ-география, биология, таъриху филология ҳамроҳ бо шуъбаи шарқшиносӣ ташкил меёфт. Кафедраҳои университет бошад, мутобиқи фармони Вазорати маълумоти олии СССР аз 9 июли соли 1948, зери рақами 991 «Дар бораи кафедраҳои УДТ» муайян гашта буд. Дар он пешбинӣ шуда буд, ки аз 1 августи соли 1948 дар университет 13 кафедраҳои зерин таъсис дода шавад: кафедраи марксизм-ленинизм, кафедраи таърих, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи геологияи умумӣ, кафедраи математикаи умумӣ, кафедраи химияи умумӣ, кафедраи зоологияи умумӣ, кафедраи ботаникаи умумӣ, кафедраи физикаи умумӣ, кафедраи забонҳои ҳориҷӣ, кафедраи тайёрии ҳарбӣ, инчунин, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Мувофиқи фармони мазкур ректори университет уҳдадор карда шуда буд, ки номзадҳои мудирони кафедраҳоро мувофиқи тартиботи муқарраршуда барои тасдиқ ба Вазорати маълумоти олии СССР пешниҳод намояд.

Воқеан дар иҷрои Қарори Шӯрои Вазирони СССР ва ҳам фармони Вазири маълумоти олии мамлакат баъзе тағйиротҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо ба шароитҳои мавҷудаи ҷумҳуриамон алоқаманд буданд.

Соли 1948 дар ҳайати университет се факултет: геологӣ-хокшиносӣ (декан профессор А.С.Раевский), биология (декан профессор В.А.Ратсиборский) ва таъриху филология (декан- Т.П. Маниулова) ташкил ёфтанд. Ниҳоят омодагӣ ба оғози расмии кори Университети давлатии Тоҷикистон фаро расид. Рӯзи охири моҳи августи соли 1948 рӯзномаҳои ҷумҳурӣ маводи зиёдеро бахшида ба кушодашавии аввалин Университети Тоҷикистон ба табъ расониданд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» мақолаи ректор Зариф Раҷабов ба сӯи илм, табрикномаҳои Вазири маълумоти Олии СССР С.Кафтанов, раёсати Университи давлатии Ӯзбекистон, инчунин, орзуву таассуроти аввалин донишҷӯён Ф.Каримов, З.Раҷаббеков, М.Ҳафизов, шеъри Хуршеда Отахонова ва дигаронро оид ба ин университет чоп кард.

Солҳои аввали фаъолияти университет

Оғози таълим дар Университети давлатии Тоҷикистон, чун дигар мактабҳои Иттифоқи Советӣ якуми сентябр шуруъ шуд. Он рӯз соати 8-субҳ дар рӯ ба рӯи қаноти чапи Институти омӯзгории Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод С.Айнӣ) ҷамъомад барпо гашт. Дар он раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов оид ба аҳамияти бузурги фарҳангӣ доштани унверситетро барои дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, барои устодон ва шогирдони он комёбиҳо таманно карда, ҳозиринро ба муносибати кушодашавии университет табрик гуфт. Ҳамзамон дар бораи вафоти бемаҳали арбоби барҷастаи ҳизби болшевикӣ А.Жданов бо андӯҳ хабар дод. Ӯ лентаи сурхро бурида ҳозиринро ба Боргоҳи нави дониш ворид гаштан ҳидоят намуд. Маросими бошукӯҳи кушодашавии Университетро кормандони тоҷикфилм ба навор сабт намуданд. Тавре қаблан ёдовар шудем, аз оғози фаъолияти университет се факултет, чаҳор кафедраҳои умумиуниверситетӣ ва ҳафт кафедраҳо дар ҳайати факултетҳо амал мекарданд. Он замон дар роҳбарияти факултетҳо аз намоядагони маҳаллӣ касе набуд, аз 11- кафедраи университет танҳо се кафедра: геология, таърих, забон ва адабиёти тоҷикро олимони тоҷик сарварӣ менамуданду халос. Дар байни устодони универстет низ он гоҳ вазъият чунин буд. Аксарияти онҳоро олимони ғайримиллати маҳаллӣ ташкил медоданд, вале ҳамаи роҳбарони факултетҳо ва кафедраҳо, ҳамаи устодони университет баҳри равнақу ривоҷи он, тайёр намудани мутахассисони соҳибҳунар қатъи назар аз миллату халқияти худ, аз душвориҳои замон аз таҳти дил ва фидокорона ба кор шурӯъ карданд.

Аввалин ректори донишгоҳ – Зариф Шарифович Раҷабов. Таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бе номи ректорони он, аз ҷумла аввалин ректори он Зариф Шарифович Раҷабов (тав.1906-ваф.1991) наметавон тасаввур кард.

Эшон дар солҳои аввали фаъолияти донишгоҳ дар вазифаи ректор (аз 27 феврали соли 1948 то 20 январи соли 1954) корҳои хеле зиёд ва мураккаби ташкилӣ, маъмурӣ, таълимӣ-илмӣ ва тарбиявиро якҷоя бо нахустин ноибони худ Б.А.Корчагин, К.Н. Гаврилкин, С.Ш.Табаров ба анҷом расонида, таҳкурсии қавӣ ва боэътимоди донишгоҳро барои солҳои минбаъда гузошт. Дар ин солҳо 5 факултет – биология, геология, хокшиносӣ, таъриху филология (1948), физикаву риёзиёт, ҳуқуқшиносӣ (1949), 21 кафедра, аз ҷумла 5 кафедраи умуми- университетӣ ва 16 кафедраи факултетӣ таъсис ёфтанд.

Соли таҳсили 1951-1952 дар заминаи факултети таъриху филология шуъбаи тарҷумаи бадеӣ кушода шуд. Дар шароити онвақта хеле кам будани теъдоди кадрҳои илмӣ-педагогӣ, маҳдудияти базаи моддӣ- техникӣ (биноҳои таълимиву хобгоҳҳо), паст будани сатҳи дониши абитурентҳову шогирдон (шароити душвори солҳои ҶБВ ва баъдиҷангӣ) ва ғайра ташкили факултетҳо, ҷараёни таълимиву илмӣ-тарбиявиро душвор месохт. Роҳбарияти университет, ректори он З.Ш.Раҷабов барои ҳалли ин муаммоҳо ва бартараф намудани душвориҳо чораҳои зарурӣ андешид.

Барои дарёфти кадрҳои педагогӣ Университет ба воситаи Вазорати маълумоти олии СССР ба мутахассисон муроҷиат намуд, ки барои кор ба Университети навтаъсисёфта биёянд. Олимон В.А. Ратсиборский, С.Ф. Машковтсев, Г.И.Коляда, М, Сойфер, В.С. Библер, А.Г. Слонимский, Д. Е.Хайтун, Ю.А.Шибаева, С.Д.Володарский, Д.М. Чедия, Л.И. Алперович ва дигарон даъвати Тоҷикистонро пазируфта ба Душанбе ба кор омаданд. Ба ин восита Донишгоҳ дорои кадрҳои педагогӣ мешуд. Ҳамзамон, устод Зариф Раҷабов роҳи дигари ҳалли масъалаи кадрҳоро ба миён гузошт: аз байни устодони ҷавон ва хатмкунандагони худи Донишгоҳ хушсалиқаҳояшонро ҷудо намуда, аз ҳисоби онҳо тайёр намудани устодони соҳибунвонро таъмин бояд кард. Барои амалӣ гаштани ин нақша роҳбарияти Донишгоҳ ба Вазорати маълумоти олии СССР муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки барои ташкили шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои илмӣ ёрӣ расонад. Ин хоҳиш аз ҷониби Вазорат мусбӣ пазируфта шуд. Соли таҳсили 1952-1953 аз ихтисосҳои геологияи умумӣ, биология, забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик (1954) шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис дода шуданд.

Дар солҳои ректории устод З.Раҷабов аз соли 1951 то соли 1954 дар шӯроҳои дифои Университет 30 нафар унвонҷӯйҳо рисолаҳои диссертатсионии худро дифоъ намуданд, аз ҷумла, 16 нафар аз таърихи халқи тоҷик, 13 нафар аз филологияи тоҷик ва 7 нафар аз соҳаи биология. Дар таърихи шӯрои ҳимояи Университет аввалин шахсе, ки рисолаи илмии худро барои дарёфти унвони номзади илмҳои таърих дифоъ намуд, мудири кафедраи таърихи КПСС Эркаев Мулло Эркаевич буд. Аз ибтидои фаъолияти донишгоҳ дар он раванди ягонаи себахша-таълим, тарбия ва пажӯҳиши илмӣ бо алоқамандии ҳамдигар ҷараён дошт. Устодони донишгоҳ баробари дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таълим, ба тадқиқу таҳқиқ ва таълифи рисолаҳои илмӣ низ мутаваҷҷеҳ мегардиданд. Хизматҳои бузургу нотакрори устод Зариф Шарифович Раҷабов баҳри беҳбудии халқ ва рушди Ватани хеш аз ҷониби давлати шӯравӣ ва Тоҷикистон қадр карда шуданд. Эшон бо унвони баланди Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин, бо ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва медалҳо сазовор гашт. Барои абадӣ гардондани хотираи устод дар шаҳри Хуҷанд нимпайкараи эшон дар маркази шаҳр гузошта шуд. Дар шаҳри Душанбе яке аз кӯчаҳои марказӣ ба номи академикҳо Раҷабовҳо гузошта шуданд.

Дуюмин ректори донишгоҳ – Нарзиқулов Ибодулло Қосимович. Дуюмин шахси ректори донишгоҳро ба уҳдадошта, олим ва ташкилотчии шинохтаи ҷумҳурӣ Нарзиқулов Ибодулло Қосимович (тав.1912-ваф.1973) буд. Дар солҳои сарварии номзади илми иқтисод, профессор, академики АИ Тоҷикистон И.Қ.Нарзиқулов (аз 12 феврали соли 1954 то 1 июни соли 1956), ки ҳамагӣ ду солу се моҳро ташкил медиҳад, дар донишгоҳ дигаргуниҳои назаррасе ба вуқӯъ пайваст. То ба вазифаи ректори донишгоҳ таъйин шуданаш мактаби бузурги маҳорати роҳбариро дар идораҳои давлатӣ-комиссариати халқии саноати матлубот, ёрдамчии раиси Совети комиссариати халқӣ, раиси Госплани РСС Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Президиуми Филиали тоҷикистонии АФ СССР, академик-котиби АИ РСС Тоҷикистон гузашта таҷрибаи бои ташкилотчигиро омӯхтааст. Табиист, ки ин ҳама дар давраи вазифаи ректориро бар дӯш доштани ӯ натиҷаҳои хуби худро дод. Бесабаб нест, ки ин солҳо таъсиси факултети нави иқтисодӣ (1954), чаҳор кафедраи нав, ба монанди кафедраҳои иқтисодиёти соҳавӣ (1954-мудир И.Қ.Нарзиқулов), педагогика (1956-мудир Б.А.Кияновский), геология ва палеонтология (1954-мудир В.Д.Шестаков), ҳуқуки ҷиноятӣ ва гражданӣ (1954-мудир В.И.Коретский), инчунин, панҷ кафедра: забонҳои хориҷӣ ва адабиёти хориҷӣ, ботаника, физиологияи одам ва ҳайвонот, математика, физика тақсим шуда, дар асоси онҳо кафедраҳои нав бунёд ёфтанд.

Дар донишгоҳ таъсис ёфтани шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар соҳаи фалсафа соли 1955 ба номи И.Қ.Нарзиқулов алоқаманд аст. Дар ҳаёти мактабҳои олии СССР, аз ҷумла, ДДТ Қарори Шӯрои Вазирони СССР аз 30 августи соли 1954 «Дар бораи беҳтар кардани тайёрӣ, таҳсил ва истифодаи мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус» нақши бузурге дошт. Дар қарор як қатор нуқсонҳои ҷиддие, ки дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи махсуси мамлакат ҷой дошт, ошкор карда шуданд. Роҳбарияти ДДТ дар навбати аввал И.Қ.Нарзиқулов барои бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта чораҳо андешид: аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои мавҷуда нақшаҳои нави таълимӣ таҳия карда шуданд; миқдори дарсҳои аудиторӣ дар як ҳафта ба 36 соат оварда шуда, барои машғулияти мустақилонаи донишҷӯён имконият пайдо шуд. Аз рӯи нақшаҳои нави таълимӣ дар донишгоҳ курсҳои нави лексияҳо татбиқ гашта, кафедраю ихтисосҳои нав ба вуҷуд омаданд. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур корҳои методӣ, тарбиявӣ низ сифатан тағйир ёфт. Дар гурӯҳҳои академикӣ ахбори сиёсӣ ҷорӣ карда шуд. Кори мустақилонаи донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ба талаботи замон мутобиқ карда шуд. Чорабиниҳои нави замонавӣ мувофиқи талаботи Қарор мавриди таъмини амалӣ гашта, барои беҳтар намудани сифати кори донишгоҳ мусоидат намуд.

Ҳамин тавр, ҳашт соли сипаригашта барои марҳалаи нави рушди он заминаи воқеӣ гузошт, зеро дере нагузашта И.Қ.Нарзиқулов ба вазифаи баланди давлатӣ -ноиби Сарвазири Тоҷикистон пазируфта шуд.

Сеюмин ректори донишгоҳ – Раҷабов Солеҳ Ашӯрхӯҷаевич. Дар нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми асри ХХ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои мамлакати советӣ дигаргунҳои назаррасе ба вуқӯъ пайваст. Баҳри ҳалли масъалаҳои пайдошуда, пеш аз ҳама, кадрҳои баландихтисос зарур буданд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон низ чун дигар мактабҳои олии мамлакат камари ҳиммат баст, то сифати касбии хатмкунандагон ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ҳалли ин масъалаҳои ҳаётан зарур ба солҳои роҳбарии ректори сеюми донишгоҳ Раҷабов Солеҳ Ашӯрхӯҷаевич (тав.1912- ваф.1990) рост омад. Он кас аз 24.01.1956 то 28. 04.1971 роҳбарии донишгоҳро ба уҳда доштанд.

Дар он солҳо баҳри иҷрои вазифаҳои дар пешистода бо сарварии С.А.Раҷабов ва ноибони ӯ А.А.Адҳамов, Б.Кияновский, Ф.П.Репа, Ҳ.У.Содиқов сохтори университету факултетҳо такмил дода шуда, раванди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда буданд.

Дар донишгоҳ факултетҳову кафедраҳо ва ихтисосҳои нав таъсис ёфтанд. Талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқи мамлакатро ба инобат гирифта, соли 1956 дар заминаи факултети табиатшиносӣ факултетҳои геология (декан Ҷ.Ҷ.Бузуруков), биология (декан И.К.Лопатин), соли 1959 химия (декан Х.М.Раҷабова), соли 1965 дар натиҷаи ҷудошавӣ аз факултети физика ва математика, факултети физика (декан Ҳ.У.Содиқов) механикаву математика (декан Х.У.Субҳонқулов) ташкил шуданд.

Мувофиқи талаботи замон соли 1963 факултети забон ва адабиёти рус (декан – В.Г.Астахов), соли 1966 дар заминаи факултети таъриху филология факултети таърих (декан М.Б.Бобохонов), филогогияи тоҷик (декан- М.Н.Қосимова) ва соли 1970 дар шароити бедории халқҳои мамолики Осиё факултети филологияи Шарқ (декан Ҳ.К.Каримов) таъсис ёфтанд. Ин иқдом барои дар оянда бештар ва хубтар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос нақши намоёнро бозид. Ҳамзамон ин солҳо дар ДДТ шаш кафедраи умумидонишгоҳӣ педагогика ва психология (мудир Б.А.Кияновский), мудофиаи гражданӣ (мудир М.Бобокалонова), материализми диалектикӣ ва мантиқ (мудир М.Н.Болтаев), забони русӣ (мудир В.Г.Астахов), назарияи комунизми илмӣ (мудир С.А.Раҷабов), материализми таърихӣ (мудир В.Г.Бобилёв) ташкил ёфтанд. Илова ба ин дар ин солҳо дар ҳайати факултетҳо кафедраҳои зиёди тахассусӣ, воҳидҳои ёвар, ба мисли Боғи ботаникӣ, Маркази ахбор ва ҳисоббарорӣ ва ғайра ташкил ёфтанд. Боиси ёдоварист, ки дар ин солҳо бо кӯшиши С.А.Раҷабов дар ДДТ шаш шӯрои нави ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории илмҳои физикаю математика, геологияю минералогия, иқтисод, ҳуқуқ, педагогика ва химия фаъолияти худро оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки мавсуф дар ин кор тамоми имкониятҳоро истифода мебурд.

Дар солҳои ректории С.А.Раҷабов, хусусан солҳои таҳсили 1956/57-1970/71 теъдоди донишҷуён аз 1124 нафар (рӯзона 275, шуъбаи шабона 424 ва шуъбаи ғоибона 436 нафар) то 12467 нафар (рӯзона 5551, шуъбаи шабона 2348 ва шуъбаи ғоибона 4568 нафар) афзуд. Теъдоди хатмкунандагони Донишгоҳ бошад, дар ин муддат беш аз шаш маротиб (аз 286 то 1800 нафар) зиёд шуданд. Афзудани шумораи кафедраҳо, шуъбаву факултетҳои нав, зиёд шудани теъдоди студентону устодони донишгоҳро низ бештар намуд. Агар соли аввали таҳсил дар ДДТ ҳамагӣ 26 нафар устодони штатӣ бошанд, баъд аз даҳ сол, яъне 1958/1959 теъдоди онҳо ба 112 ва соли таҳсили 1970/1971 миқдори муаллимон ба 750 нафар расид.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар солҳои ректории академик Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ дар донишгоҳ ба баландтарин нуқтаи худ расидааст. Аз соли 1951 то соли 1997 танҳо дар нуҳ шӯроҳои дифои рисолаҳои диссертатсионии донишгоҳ 1019 нафар унвонҷӯйҳо рисолаҳои илмии худро барои дарёфти унвонҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд, ки 358 нафари он ба ин солҳо рост меояд. Чанде аз воқеаҳои таърихии ДДТ низ бевосита бо номи ректори он академик С.А.Раҷабов алоқаманд мебошанд. Маҳз дар солҳои ректории мавсуф 7-уми ноябри соли 1956 аввалин шумораи рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и ДДТ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор шуд. Соли 1965 дар заминаи маҳфили адабӣ –драмавии факултети таъриху филологияи донишгоҳ Ансамбли вокалӣ –инструменталии ДДТ бо сарварии донишҷӯи шуъбаи таърих Амон Холиқназаров таъсис ёфта, минбаъд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ бомуваффақият ҳунарнамоӣ мекарданд ва шӯҳрати ДДТ-ро баланд мебардоштанд.

Дар соли 1969 дар донишгоҳ бори аввал шуъбаи тайёрии рӯзона кушода шуд. Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ДДТ дар заминаи факултети кимиё таъсис ёфтани Хонишҳои синоӣ мебошад. Он бо кӯшишу ибтикороти пайвастаи декани онвақтаи факултети номбурда, профессор Ҳ.М.Ёқубов сурат гирифтааст. Дар он олимони бузургтарини ҷаҳон, ба монанди се карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи ленинии СССР, Б.П.Николский, академикҳои Академияи илмҳои СССР Ю.А.Овчинников, В.А.Легасов ва дигарон мебошанд. Хонишҳои синоӣ то имрӯз давом доранд, ки он на танҳо арзиши илмию назариявӣ, инчунин аҳамияти баланди амалӣ ва тарбиявиро низ доро мебошад.

Далелҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Раҷабов Солеҳ Ашурхоҷаевич дар рушду такомули ДДТ хизмати босазое кардааст. Аз ин ҷост, ки эшон сазовори обру ва эътибор гашта буд. Ӯ дар съездҳои 12-14 ПК Тоҷикистон узви КМ интихоб гашта, дар даъватҳои 7-8-уми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон чун вакил пазируфта шуда буд. Устод барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу ватан бо 5 ордени “Нишони фахрӣ”, 11 медалҳои СССР, ифтихорномаҳои Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон сарфароз гардидааст.

Чорумин ректори донишгоҳ – Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович. Коллективи бисёрҳазорнафараи ДДТ дар тӯли беш аз даҳ соли минбаъда (аз 12 июли 1971 то 16 маи соли 1982) зери сарварии ректори он, олими шинохта, доктори илмҳои физикаву математика, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҷумшиноси маъруфи ҷаҳонӣ Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович ва ноибони он профессорон В.И.Приписнов, М.Н.Назаршоев на танҳо беҳтарин анъанаҳои донишгоҳро дар тамоми самтҳои фаъолияти он давом дод, балки ба рушди ояндаи он такони наве бахшид. Дар он солҳо факултети иқтисодӣ (1976, декан Т.Н.Назаров), факултети баплангирии иқтисодӣ (1980, декан Г.Б.Бобосодиқова) ва факултети баҳисобгирии молиявӣ (1980, декан Ҳ.Қ.Қурбонов) таъсис ёфтанд. Ҳамзамон, дар натиҷаи тақсими кафедраҳои умумидонишгоҳии материализми диалектикӣ ва мантиқ (мудир М.Н.Болтаев) –кафедраҳои материализми диалектикӣ ва таърихӣ (барои факултетҳои гуманитарӣ –(мудир В.И.Приписнов) ва кафедраи ҳамном барои факултетҳои табиатшиносӣ (1973, мудир, дотсент Ф.М.Турсунзода) ва кафедраи таърихи КПСС соли 1976 (барои факултетҳои гуманитарӣ (мудир Ҳ.А.Аҳмадов)) ва кафедраи таърихи КПСС барои факултетҳои табиатшиносӣ (мудир Ф.Н.Иванов), кафедраи иқтисоди сиёсӣ, кафедраи байнифакултетии иқтисоди сиёсӣ ва бо чунин ном дар факултетҳои иқтисодӣ таъсис ёфтанд. Ҳамзамон, дар ҳайати факултетҳои донишгоҳ низ мувофиқи талаботи замон кафедраҳои нав кушода шуданд. Чунончӣ, соли 1972 дар факултети геология кафедраи геологияи инжинерӣ ва гидрогеология (мудир, А.М. Мамонтов), дар факултети биология соли 1974 кафедраи биохимия (мудир, М.М.Ёқубова); дар факултети таърих соли 1974 кафедраи таърихи халқи тоҷик (и.в мудир, М.Б.Бобохонов); дар факултети забон ва адабиёти рус соли 1972 кафедраҳои адабиёти классикии рус ва назарияи адабиёт (мудир В.Г. Астахов), адабиёти советӣ ва умумӣ (мудир Н.А.Содиқова), дар факултети иқтисодӣ соли 1973 кафедраҳои иқтисодиёти меҳнат (мудир А.М. Соломонов), кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ (1973, мудир Г.Ю.Каримов); соли 1981 кафедраи географияи иқтисодӣ (мудир, А.Ҷ.Ҷӯраев); кафедраи иқтисоди сиёсӣ (мудир М.Н.Мамадназарбеков); дар факултети ҳуқуқ соли 1981 кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (мудир В.Г. Мелкумов) ташкил карда шуданд. Дар факултети механикаву математика кафедраҳои математикаи амалӣ (1978, мудир Э.Г.Самандаров), механика ва усулҳои баҳисобгирӣ (1978, мудир, Б.Алиев); дар факултети забонҳои Шарқ кафедраи филологияи Эрон (1981, мудир Ҳ.К.Каримов); дар факултети забон ва адабиёти рус кафедраи забони русӣ ва услуби таълими он (1974, мудир Қ.Н. Содиқова), кафедраи инкишофи муоширати русӣ (1976, мудир М.С.Иброҳимова); дар факултети физика кафедраи астрофизика (1979, мудир П.Б.Бобоҷонов), кафедраи услуби таълими физика (1980, мудир М.Д.Ҷамолов), дар факултети ҳуқуқ кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ (1973, мудир Ш.Р.Розиқов), ҳуқуқи меҳнатӣ ва хоҷагӣ (1980, мудир В.А. Ойгензихт) таъсис ёфтаанд. Дигаргуниҳо дар сохтори донишгоҳ ва факултетҳои он дар солҳои 70-уми асри ХХ яке аз самтҳои фаъолияти раёсат бо сарварии академик П.Б. Бобоҷонов буда, онҳо аз Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои минбаъдаи такмил додани маълумоти олӣ дар мамлакат» (июли 1972, №535) бар меомад. Дар асоси Қарори мазкур Вазорати маорифи Тоҷикистон бо сардории ректори донишгоҳ П.Б.Бобоҷонов шӯрои ректоронро таъсис дод. Он дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мактабҳои олии ҷумҳурӣ нақши мусбӣ бозид. Шӯрои номбурда дар такмили барномаҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар солҳои 70-ум зимни тағйиротҳои сохтории донишгоҳ дар ҳайати устодони он низ дигаргуниҳои миқдорӣ ва ҳам сифатӣ ба амал омаданд. Шумораи устодон дар солҳои таҳсили 1971/1972 ва 1981/1982 аз 749 нафар то ба 842 нафар расида, сафи кормандони унвондор хеле афзуд. Ҳамзамон теъдоди донишҷӯёни шуъбаи рӯзона дар ин муддат аз 5551 то ба 6280 нафар зиёд шуд. Хизмати Пӯлод Бобоҷонов чун сарвари донишгоҳ дар ташкили шӯроҳои ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ низ бузург аст. Дар ин солҳо бо Қарори ВАК (Комиссияи олии аттестатсионӣ)-и СССР иловатан чанд шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуданд.

Дар солҳои ректории академик Пӯлод Бобоҷонов танҳо дар шӯроҳои диссертатсиони ДДТ (солҳои 1971-1980) 270 рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карданд. Соли 1973 дар Тоҷикистон таҷлили 25 солагии ДДТ баргузор гардид. Дар ҳамин сол мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистон сохтмони шаҳрчаи нави донишгоҳ ба масоҳати умумии 140 га замин шурӯъ шуд, ки он барои 8000 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона пешбинӣ гашт. Баъд аз панҷ сол 22 ноябри соли 1978 бахшида ба сисолагии таъсиси Кохи бузурги илму маърифати Тоҷикистон конфронси илмии профессорону муаллимон баргузор гардид. Баъд аз як моҳ, 22 декабр дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба 30 солагии ташкилёбии Университет маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Боиси зикр аст, ки дар солҳои ректории академик П.Б.Бобоҷонов дар донишгоҳ бори аввал шуъбаҳои таҳрирӣ–интишорӣ (1980) ва патентӣ (1982) таъсис ёфтанд. Обрӯ ва эътибори ДДТ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари мамлакати паҳновари Иттифоқи Советӣ ва берун аз қарамрави он боз ҳам баланд гашт, ки дар ин ҳама пешравиҳо нақши ректори он Пӯлод Бобоҷонов, ноибони ӯ, деканҳо ва мудирони кафедраҳо назаррас аст.

Панҷумин ректори донишгоҳ – Назаров Талбак Назарович. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ зери сарварии доктори илмҳои иқтисодӣ, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон, профессор Назаров Талбак Назарович (солҳои 1982 -1988) дар самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуд.

Профессор Т.Н.Назаров барои коллективи донишгоҳ бегона набуд. Эшон баъд аз хатми Институти молиявию иқтисодии Ленинград соли 1960 фаъолияти меҳнатии худро дар факултети иқтисодии ДДТ аз вазифаи ассистент сар карда, то мудири кафедраи молия ва кредит, ҷонишини декан, декан ва проректори шуъбаи шабонаи донишгоҳ фаъолият кардааст. Солҳои ҳаштодуми асри бист дар ҷаҳони сотсиалистӣ, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон замони тағйирёбандаву пуртазод буд. Моҳи апрели соли 1985 дар мамлакат марҳалаи наве бо номи «бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ » оғоз ёфт. Он мутобиқи замон мақсад дошт, ки тамоми камбудиҳои мавҷударо решакан кунад. Вале оқибати он барои халқҳои советӣ, тоҷикон низ басо вазнин буд. Фаъолияти ректории Т.Н.Назаров дар арафаи чунин давра оғоз ёфта, марҳалаи «бозсозӣ»-ро ҳам то августи соли 1988 дар бар мегирад. Чун дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар сохтори донишгоҳу факултетҳо ва кафедраҳо тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, соли 1982 дар заминаи факултети молиявию баҳисобгирӣ факултети молиявию иқтисодӣ ташкил карда шуд. Чунин тағйирот дар кафедраҳои умимидонишгоҳӣ низ ба вуқӯъ пайваст. Соли 1982 кафедраи педагогика ва психология ба ду кафедра ҷудо карда шуд – кафедраи педагогика (мудир Р.И.Искандарова) ва психология (мудир-Р.А.Атахонов) ва соли 1988 кафедраи забони тоҷикӣ (мудир А.Каримов), соли 1986 барои донишҷӯёни шуъбаи тайёрӣ кафедраи забони русӣ (мудир Қ.Н.Содиқова) таъсис ёфтанд. Ҳамзамон дар ҳайати факултетҳо низ кафедраҳои нав бунёд ёфта, баъзе кафедраҳо тақсим карда шуданд. Масалан, соли 1984 дар факултети молиявӣ-баҳисобгирӣ дар заминаи кафедраи баҳисобгирӣ ва таҳлили иқтисодӣ кафедраи баҳисобгирӣ (мудир Д.У.Ӯроқов) ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ (мудирТ.Қ.Қазоқбоев), соли 1985 дар факултети молиявӣ-иқтисодӣ кафедраи АСОЭИ (мудир З.А.Раҳимов); дар факултети геология соли 1987 дар заминаи кафедраи геологияи нафту газ кафедраи геология ва кофтукови (разведка) канданиҳои фоиданок ташкил шуданд.

Соли 1988 дар факултети филологияи тоҷик кафедраи усули (методика) таълими забон ва адабиёти тоҷик (мудир Х.Шарипов) ва ҳамон сол дар факултети забонҳои Шарқ кафедраи филологияи ҳинду (мудир Ҳ.Раҷабов), дар факултети биология бошад, кафедраи экология (мудир М.Дарвозиев) таъсис ёфтанд. Ҳамин тавр, ректори УДТ Талбак Назаров дар таърихи ин донишгоҳ нақши назаррасе гузоштаст. Барои хизматҳои ҳамаҷонибаи худ дар назди ДДТ ва коллективи он эшон ба унвонҳои баланди илмӣ, омӯзгорӣ ва давлатӣ сазовор гардид. Дар ин давра роҳбарияти ҳизбиву давлатии Тоҷикистон зарур донистанд, ки Талбак Назарович Назаровро ба вазифаи масъулноктари давлатӣ пешбарӣ намоянд. Ин буд, ки эшонро ба вазифаи Вазири маорифи Тоҷикистон таъйин карданд.

Шашумин ректори донишгоҳ – Давлатов Исмоил Давлатович. Солҳои роҳбарии ректори шашуми донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатов Исмоил Давлатович (августи 1988 то апрели 1990) -қариб ду сол, вале хеле ҳассосу пуртазоди ҳодисаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат буд. Эшон кӯшиш кард, ки барои Донишгоҳ содиқона хизмат намояд. Исмоил Давлатов чун хатмкунандаи боистеъдоди факултети иқтисодӣ ба ҳамин донишгоҳ ба кор қабул шуд. Минбаъд эшон дар кафедраи иқтисоди сиёсии ин Борогоҳи маърифат бо ахлоқи ҳамидаи меҳнатдӯстӣ, кордонӣ, истеъдоди баланди ташкилотчигӣ аз ассистенти қаторӣ то ба дараҷаи дотсентӣ, профессорӣ ва мудири кафед рафаъолият кардааст. Табиист, ки ректори нав анъанаҳои беҳтарин он, бурду бохт ва проблемаҳои Донишгоҳи давлатиро аз наздик хуб медонист. Аз ин сабаб Исмоил Давлатов ба проблемаҳои кадрҳо, таълим, илм, беҳтар намудани сифати мутахассисони оянда, беҳбудии зисти устодону донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дод.

Солҳои ректории Исмоил Давлатов барои Тоҷикистон чун тамоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ солҳое буданд, марҳалаи бамиёноии бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ. Дар ин вазъ роҳбарияти ҷумҳурӣ лозим донист, ки чунин корманди боистеъдоду ояндадорро ба вазифаи боз ҳам баланду масъулиятноктар-Вазири маорифи ҷумҳурӣ пешбарӣ намояд.

Ҳафтумин ректори донишгоҳ – Тоҳиров Фозил Тоҳирович. Аз моҳи июли соли 1990, дар арафаи таҳаввулоти бузург дар ҳаёти халқи тоҷик-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович таъйин гардид.

Ректории профессор Фозил Тоҳиров муродиф ба солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар тӯли панҷ соли роҳбарии ӯ, ки солҳои нисбатан душворе дар таърихи донишгоҳ буданд, алорағми ин каму костиҳо ин маркази муҳими илмию таълимӣ тавонист, нуфузи худро ҳифз намояд. Дар давраи сарварии Ф.Тоҳиров дар донишгоҳ теъдоди факултетҳо, шуъбаҳо ва кафедраҳо афзоиш дошт. Таъсиси факултети журналистика дар соли 1992, шуъбаҳои фалсафа ва психология дар факултети таърих дар солҳои 1992 ва 1993, фаъолияти ҳуқуқи байналхалқӣ дар факултети ҳуқуқ дар соли 1993, муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ, ҳамчунин нуҳ кафедраи тахассусӣ маҳсули ин давронанд. Дар тӯли солҳои 1990-1995 теъдоди шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ аз 5 то ба 11 адад афзоиш доштааст.

Ҳаштумин ректори донишгоҳ – Сафаров Ҳабибулло Муродович. Солҳои 1995-2001 сарварии донишгоҳ бар души олими соҳибмактаби риштаи биология Ҳабиб Сафаров буд. Дар ин муддат донишгоҳ ба мақоми баланди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон сазовор дониста шуда, боз ҳам тавсеъа пайдо намуд. Ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун бештар гардид, таъмини маводи илмӣ-таълими зиёд шуд ва шароити илму таълим рушд намуд. Дар тамоми сохторҳои донишгоҳ навгониҳо дида мешуду фаъолияти онҳо рушд меёфт. Давраи роҳбарии Сафаров Ҳ.М. дар таърихи донишгоҳ назаррас дониста мешавад.

Нуҳумин ректори донишгоҳ – Сафиев Ҳайдар Сафиевич. Донишманди саршиноси риштаи химия Ҳайдар Сафиев солҳои 2001-2005 ректори ин маҳзани илму дониш буда, дар солҳои сарварии вай Ойинномаи ДМТ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 3-юми августи соли 2002 таҳти рақами 320 ба тасвиб расид. Ҳамчунин стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тахассусҳои роиҷи донишгоҳӣ бо нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии мутахассис, бакалавриат ва магистрӣ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Аз ҳисоби таъсиси факултетҳои фалсафа дар соли 2001 ва молиявию иқтисодӣ дар соли 2002 ва чандин кафедраҳои тахассусӣ донишгоҳ боз ҳам густариш пайдо намуд.

Даҳумин ректори донишгоҳ – Одинаев Саидмуҳаммад Одинаевич. Роҳбарии олими варзидаи риштаи физика, академик Саидмуҳаммад Одинаев дар ДМТ солҳои 2005-2008 буд. Дар ин муддат факултети забон ва адабиёти рус ва чандин кафедраҳои тахассусию марказҳои илмӣ- таҳқиқотӣ арзи ҳастӣ намуданд. Гузариш ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ роҳандозӣ шуда, равобити илмию таълимии ДМТ бо дигар маркази илмию таълимии кишварҳои дуру наздик густариш ёфт. Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба вижа Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ бо дастовардҳои назаррас сазовор гардид. Ташкили синфхонаҳои замонавӣ, аз қабили синфхонаҳои компютерӣ дар ин давра ташкил шудаанд.

 Ёздаҳумин ректори донишгоҳ – Саид Нуриддин Саид. Солҳои сарварии профессори риштаи фалсафа Нуриддин Саид дар ДМТ (2008-2012) дар таърихи ин боргоҳи илму маърифат таҳаввулоти азимеро ба бор овард. Пояи моддию техникии донишгоҳ хеле мустаҳкам гардид. Чунончи, дар соли таҳсили 2010-2011 беш аз 1200 компютер, ки аз ин миқдор 710 адади он ба шабакаҳои интернет пайваст буд, дар хидмати устодону донишҷӯён қарор дошт. Теъдоди маводи чопшуда афзоиши чашмгире дошт. Аз ҷумла, агар дар байни солҳои 1991-2012 дар донишгоҳ 28973 мавод ба нашр расида бошад, теъдоди 9643 номгӯи он ба соли 2012 рост меояд, ки ин 33,28% кули маводи чопшударо ташкил медиҳад. Теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ низ ба баландтарин сатҳ расид. Аз теъдоди умумии рисолаҳои дифоъшуда дар тӯли таърихи донишгоҳ, ки дар маҷмӯъ то соли 2012 778 рисола, аз ҷумла 145 рисолаи докторӣ ва 633 рисолаи номзадиро ташкил медиҳад, 337 рисолаи дифоъшуда ба солҳои 2009-2012 рост меояд, ки ин миқдор 43,31% кулли рисолаҳои дифоъшуда, аз ҷумла 47,55% рисолаҳои номзадиро ташкил медиҳад. Теъдоди баргузории конфронсҳои сутуҳи гуногун низ аз афзоиши зиёде бархурдор буд. Агар дар соли 2007 дар донишгоҳ ҳамагӣ 48 ҳимояи илмӣ баргузор шуда бошад, пас теъдоди ҳамоишҳо дар соли 2012 ба 128 адад расид. Дар тӯли солҳои сарварии Нуриддин Саид корҳои бунёдгарию ободонии донишгоҳ низ вусъати чашмгире пайдо намуд. Биноҳои таълимии факултетҳои физика, механикаю математика, биология, геология ва факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус дастовардҳои ин солҳост. Яъне, авҷи густариши равобити байналмилалии донишгоҳ низ ба ин солҳо рост меояд.

 Дувоздаҳумин ректори донишгоҳ – Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович. Аз 10 январ то 28 августи соли 2012 ректори ДМТ олими шинохтаи риштаи иқтисод, профессор Ҳаёт Одинаев буд. Дар давраи роҳбарии ӯ низ дар донишгоҳ чанд факултет, шуъба ва кафедраи нав ба фаъолият оғоз намуда, ободонию бунёдкорӣ идома дошт. Дар ин давра дар самти корҳои таъмину тармими синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва иншоотҳои маишии донишгоҳ шароити мусоид фароҳам сохта шуд.

Сездаҳумин ректори донишгоҳ – Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ. Аз 28 августи соли 2012 то 23 январи соли 2020 сарварии бузургтарин ва пурнуфузтарин донишгоҳи кишварамон – ДМТ бар дӯши олими саршиноси риштаи адабиёт, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ вогузор шуда буд. Вай, ки дастпарвари ҳамин боргоҳи илму дониш аст, аз ибтидои фаъолияти роҳбариаш ба умури созандагию ободонӣ, тақвият бахшидани пояи моддию техникӣ, бунёд ва таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, сабзу хуррам намудани атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳо, бунёди боғҳо даст заданд.

Давраи ректории Имомзода М.С. дар таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як марҳалаи ҷадид ба ҳисоб рафта, тайи чанд соли охир мо шоҳиди таҳаввулоти азиме дар бахшҳои гуногун, аз қабили пешрафтҳо дар риштаҳои таълим, тарбия, илм, густариши равобиту ҳамкориҳои донишгоҳ бо марокизи бонуфузи илмию таълимии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва нуфузи бештар касб намудани донишгоҳ на танҳо дар саросари Тоҷикистон, балки дар миқёси байналмилалӣ мебошем.

Бояд зикр намуд, ки дар солҳои роҳбарии сездаҳумин ректори донишгоҳ Имомзода М.С. шумораи факултетҳо ба 19 адад расид. Дар 117 кафедраи донишгоҳ 1272 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 13 нафар академики АИ ҶТ, 14 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 179 нафар доктори илм, 534 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин 231 нафар омӯзгорон ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамуданд. Сохтани майдончаи варзишии “Истиқлолият” дар Шаҳраки донишҷӯён, таъсиси факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, ихтисосҳои технологияи маҳсулоти чарб, равғани эфир ва атриёту косметика дар факултети фарматсевтӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ, таъмини иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ дар факултети баҳисобгирию иқтисодӣ, танқиди адабӣ дар факултети филология, логистика дар факултети иқтисод ва идора, кафедраҳои морфология ва физиология ва анатомияи патологӣ бо тибби судӣ дар факултети тиббӣ аз ҷумлаи дастовардҳоест, ки дар солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ таъсис дода шуданд.

Имрӯзҳо ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла, ба Донишгоҳи миллӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамунсоз қабул карда, баҳри иҷрои онҳо мудом сайъу кӯшиш доранд.