Тарбияи ҷисмонӣ

Мудир – С. Бобоев

Тел: 000-06-60-70

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1948-ум дар ҳайати 4 муаллим ба фаъолият оғоз намудааст.Аввалин мудири кафедра Флор Степанович Павлюк ба шумор меравад. Дар як муддати кутоҳ ҳайати муаллимони кафедра ба 36 нафар мерасад. Корҳои илимию тадқиқотиро дар мавзуҳои гуногуни инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пеш бурда, барои насли имрузаи миллати тоҷик заминагузори намудаанд.

Дар ҳайати кафедраи тарбияи ҷисмонӣ соли 1976 клуби варзишии донишгоҳ ташкил гардида, фаъолияти он ба нақша гирифта шуд. Тибқи нақша мусобиқаҳои варзишии дохилидонишгоҳӣ, шаҳрӣ, чумҳурявӣ сатҳашон минтақавӣ ва байналхалқи гузаронида мешавад. Мувофиқи анъанаҳои пешин клуби варзишӣ ҳар сол дар байни факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои варзишӣ гузаронида, барои дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзиши ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байнанмиллалӣ заминагузорӣ менамояд. Устодон ва мураббиёни кафедра барои тайёр намудани донишҷӯёни варзишгар хизмати босазое намуда , барои инкишофи соҳаи варзиши тоҷик саҳмгузорӣ менамоянд. Дар ривоҷу равнақи волейболи донишгоҳ саҳми мудири кафедра дар солҳои 1980-1984 С.Р. Валиев ва устоди соҳибтаҷрибаи кафедра М.В. Штиркина назаррас буда, барои тайёр намудан ва дар мусобиқаҳо иштирок варзидани донишҷуён саҳми босазое гузоштаанд. Донишҷуёни тайёрнамудаи онҳо дар солҳои номбурда дар мусобиқаҳо ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гашта, донишгоҳро муарифӣ намудаанд.

Дар солҳои 1984-1988 вазифаи мудири кафедраро Восканян Т.Г. ба уҳда дошт. Солҳои 1988-1990 Регулян В.Ф. мудири кафедра таъйин шуд. Солҳои 1990-2000-ум роҳбарии мудири кафедра ба зимаи Каграманов Г.С. вогузор гардида буд.

Аз соли 2000 то 2008 бошад мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, номзади илмҳои педагогӣ дотсент Содиқов М.М. сазовор дониста мешавад, ки дар ин солҳо таҳти сарпарастии ӯ бо ҳамроҳии устодон барои рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ, сохтани майдончаҳо, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз ҷумла ҷашни Навруз хизмати арзандае кардааст.

Баъди Содиқов М. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Восканян Т.Г. ба муҳлати як сол интихоб гардид. Баъди Восканян Т.Г. соли 2009 то 2013 мудири кафедра Бобоев С.М интихоб шуд. Имрӯз омӯзгорони кафедра ва мураббиёни клуби варзишӣ аз рӯйи намудҳои, боскетбол, волейбол, футбол, гӯштини тарзи озод, дзюдо, гӯштингирӣ, самбо, варзиши сабук, шоҳмотбозӣ ва ғайра машғуляти амалии тарбияи ҷисмонӣ доир намуда, донишҷуёнро ба сатҳҳои гуногуни мусобиқаҳо тайёр менамоянд. Аз ин лиҳоз як зумра донишҷӯён ба дарёфти унвонҳои чемпионҳои Осиё ва ҷаҳон сазовор гардидаанд,ки ин боиси ифтихори донишгоҳ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ имрӯз пешравии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар донишгоҳ назаррас буда, дастовардҳо ба чашм мерасанд. Майдони варзишии саҳти байнанмилалӣ сохта ба истифода дода шуд, ки иборат аз се қисм волейбол, боскетбол ва футболи хурдро дар бар мегирад.