Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

«То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем»

Эмомалӣ Раҳмон.

Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба анъана ва ҷашну маросимҳои Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 июни соли 2007 таҳти рақами № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 июни соли 2007 таҳти № 263 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳамоҳангсозии корҳо доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқии давлати демократии Тоҷикистон, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таъсис дода шудааст. Дар ин замина фармони Ректори ДМТ аз 26.11.2012 таҳти рақами 361-09 оиди таъсиси комиссияи «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар донишгоҳ» ба тасвиб расидааст.

Дар донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани Қонуни мазкур нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд. Дар давраи баргузории чорабиниҳои гуногуни идона, аз ҷумла, «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди касбии муаллимон», «Рӯзи забони давлатӣ», «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Иди Ғалаба”, “Рӯзи ҷавонон” дар доираи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

 Аъзоёни комиссия:

• Раиси комиссия, Ректори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

• Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин

• Муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо

• Муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонзода Ҷамила Мирзо

• Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон

• Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Назирҷонзода Розиҷон Назир

• Декани факултетҳо

• Котиби масъули Комиссияи ҷамъиятӣ

Илова бар ин дар ҳамаи факултетҳо комиссияҳои ҷамиятӣ барои татбиқи Конуни мазкур таъсис дода шуда, тибқи нақшаву чорабиниҳои ба тасвиб расида, фаъолият менамоянд. Ҷашн гирифтани рӯзҳои таваллуд дар доираи васеъ, гузаронидани чорабиниҳои серхарҷ дар донишгоҳ пешгирӣ карда шуда, раванди амалишавии онҳо дар доираи меъёрҳои муайяншудаи Қонун ба роҳ монда мешавад. Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки устодони варзидаву собиқадорони донишгоҳ тавассути садову симои кишвар дар барномаҳои мухталиф ширкат намуда, ҷиҳати татбиқ ва ташвиқу тарғиби муқаррароти Қонун андешаҳои судманд ба мардуми шарифи кишвар пайваста пешниҳод гардида, хамзамон дар рузномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ва дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ чандин мақолаҳои ҷолиби устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳодоти мушаххас нашр мегарданд.

Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар донишгоҳ аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби устодону кормандони донишгоҳ мураттаб гардидааст мунтазам мавриди санҷиш қарор мегирад.