Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимии давлатӣ аз 03.03.2011 таҳти №124 таъсис дода шудааст.

Бо мақсади ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Донишкада бо мактаби олӣ ва колеҷҳои ҷумҳурӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Донишкада ҳамасола курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи олӣ бо назардошти базаи илмию техникӣ ва бо таъмин кардани мутахассисони барҷастаи ҳам миқёси шаҳри Душанбе ва ҳам минтақаҳои ҷумҳурӣ мегузаронад. Бо мақсади ҷалб кардани устодони соҳибтаҷриба Донишкада бо корхонаҳою муассисҳо, аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкориро ба роҳ монда, чандин устодон ба кор ҷалб карда шудаанд.

Аз ҷониби Донишкада барои устодон, шунавандагон, шунавандагони курсҳои сайёр дар рафти баргузории курсҳо шароити лозима фароҳам гардида, аз китобхонаи миллӣ, осорхона ва ҷойҳои таърихӣ боздид намуда, бо маводҳои лозимии хониш таъмин карда мешаванд. Фаъолияти Донишкада сол то сол ҷоннок гардида, назар ба солҳои пешин нишондиҳандаҳо хеле баланд мебошад. Дар базаи Донишкада синфхонаҳои барҳаво ва компютерӣ, китобхонаҳои электронӣ, китобхонаи анъанавӣ ба талаботи мактабҳои олӣ ҷавобгӯ мебошад.