САРАЗМ – ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

               Эмомалӣ Раҳмон

Саразм қадимтарин шаҳраки сокинони маҳаллии Осиёи Марказӣ мебошад. Он дар ҳудуди Тоҷикистон 15 км дар ғарби ноҳияи Панҷакент дар соҳил чапи дарёи Зарафшон ҷойгир шудааст. Ёдгории шаҳраки Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дорои аҳамияти бузурги илмиву таърихӣ ва байналмилалӣ ва яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шаҳраки Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далели рушду пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказии замони палеометал ва дорои арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, биноҳову иморатҳои диниву истиқоматӣ мебошад. Майдони умумии шаҳрак аз 100 гектар зиёд аст. Шаҳраки Саразм дар доираи комплекси бостоншиносии Бохтару Марғиён ҷойгир шудааст. Вайроншавии шаҳрак ба воридшавии қабилаҳои ҳинду ориёӣ рост меояд.

Дар солҳои 70-уми қарни XX вақте ба кор андохтани заминҳои нав дар тамоми ҷумҳурӣ шуруъ гардид, аксари ёдгориҳои таърихӣ дар ҳолати нестшавӣ қарор гирифтанд. Колхозчиён ва аҳолии маҳалӣ ҳангоми кор дар замин ашёҳои қадима, ба монанди кӯза, олоти биринҷӣ, маснуоти ороишӣ пайдо карданд, аммо оид ба ашёҳои ёфтшуда ба музеи кишваршиносӣ хабар надоданд. Танҳо соли 1976 яке аз сокинони деҳаи Ғурач, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашуралӣ Тайлонов тасмим гирифт, ки оид ба табари биринҷие, ки дар хонааш муддати шаш сол маҳфуз буд, ба ходими илмии базаи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исоқов хабар диҳад. Бостоншиноси моҳир А. Исоқов, ки аллакай солҳои зиёд ёдгориҳои ноҳияи Панҷакентро таҳқиқ мекард, вақтро аз даст надода, корҳои кашшофиро оғоз намуд. Байни солҳои 1973 ва 1977 Абдуллоҷон Исоқов беш аз 20 макони бостониро дар ноҳияи Панҷакент кашф кардааст. Дар байни онҳо ёдгориҳои муҳим, ба монанди шаҳраки Ақтепа, қалъаи Филмандар, шаҳраки Холиқназар, қалъаҳои Калаи Мирон ва Кучроха ҳастанд. Соли 1977 дар Саразм аввалин ҳафриёт гузаронида шуда, боқимондаҳои сохтмон, порчаҳои кӯзаҳои сафолӣ бо навиштаҷот ва дигар ашёҳои мутаалиқи замони неолит ва асри биринҷ пайдо карда шуд. Ҳамин тариқ, яке аз муҳимтарин ёдгориҳои замони аниқа дар ҳудудҳои Осиёи Марказӣ пайдо карда шуд. Бо роҳбарии А. Исоқов солҳои 1976-1977 ва А. Раззоқов солҳои 1997-2017 дар мавзеи деҳаи қадимаи Саразм тадқиқотҳои бостоншиносӣ гузаронида шуда, натиҷаи таҳқиқот дар маҷаллаҳои илмии ҳарсолаи “Корҳои бостоншиносии Тоҷикистон” интишор гардиданд. Соли 1984 эспедитсияи муштараки шӯравӣ-фаронсавӣ бо сарварии А. Исоқов ва ходими маркази таҳқиқотҳои бостоншиносии Фаронса Р.Бензенвал барои таҳқиқи Саразм таъсис дода шуд. Дар ин давраи таҳқиқот мавҷудияти нуқтаҳои аҳолиниши охири ҳазорсолаи чорум ва оғози ҳазорсолаи дуюми то милод кашф карда шуд.

Дар асоси ҳафриёти чиншиносӣ давраи мавҷудияти деҳаи Саразм ба чаҳор марҳила ҷудо карда шуд: Сарзам I, II, III, IV. Ҳамин тариқ, дар ҷойи ҷойгиршавии Саразм дар ҳудуди 10 ҳазор метри мураббаъ ҳафриёт гузаронида шуда, дар асоси бозёфтҳо маълум гардид, ки Саразм маркази қадимаи замони палеометал (энеолит ва асри биринҷӣ) будааст. Дар ин ҷо ҳунармандӣ, кӯлолгарӣ, кашфу коркарди маъдан, коркарди ороишоти қимматбаҳо ва нимқиматбаҳо ривоҷ ёфта будааст. Ба андешаи бостоншиносон дар асрҳои IV-III то милод тариқи Саразм роҳи бузурги лоҷвард убур мекардааст. Баъдан, пас аз пайдоиши шаҳрҳо дар Осиё роҳи қалъагӣ ба воситаи Саразм мегузаштааст. Ба ақидаи бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов ин роҳ минбаъд ба «Роҳи абрешим» – аз Аврупо ба шаҳрҳои қадимаи Чину Ҳинд табдил ёфтааст.

Роҳи Абрешим умре аз бари ту мегузашт,

Корвони даврро будӣ ту маъво, эй Саразм!

Пораи сангу сафоли ту ҳикоят мекунад,

Аз ҳунармандии қавми хубу доно, эй Саразм!

Ҳаёт дар Саразм дар натиҷаи таъсири иқлим тахминан се ҳазор сол пеш хотима ёфтааст. Муаррихон тасдиқ мекунанд, ки аҳолӣ бо хушксолиҳо мубориза бурда натавониста, ба воҳаҳои наздики дарёи Зарафшон кӯч бастаанд. Ҳамин тариқ, Панҷакенти қадим ва баъдан дигар шаҳрҳои қадимаи суғдиён пайдо шудааст.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 таҳти рақами 391 ёдгориии таърихии Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷикон Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм эълон шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон А. Раззоқов, Р. Массов, Р. Безенвал ва А.П. Франкфорт ёдгории таърихии Саразм соли 2000 ба рӯихати объектҳои дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ ба рӯихати ЮНЕСКО ҳамроҳ карда шуд. Соли 2010 бошад, Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ба рӯихати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Дар мавзеи ҳафриёти шаҳраки Саразм маснуоти металӣ ва сангӣ, ҳамзамон ороишоти аз сангҳои қимматбаҳо ва садафи баҳрӣ сохташуда пайдо карда шудааст. Ашёҳои зиёди мисӣ, бринҷӣ, қурғошимӣ, нуқрагӣ, тиллоӣ, яроқ, ашёҳои ороишӣ пайдо карданд. Дар масҷидҳои Саразм, утоқҳои ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ, биноҳои динӣ ва иҷтимоӣ хуб нигоҳ дошта мешаванд. Аз охири ҳазорсолаи IV-уми то милод шаҳраки Саразм ба яке аз бузургтарин марказҳои металлургии Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Дар болооби дарёи Зарафшон саразмиҳо тилло, мис, сурб ва қалъагӣ пайдо мекунанд. Ҳангоми ҳафриётҳо дар шаҳраки Саразм порчаҳои қолинҳо, рангҳо, болға барои майда кардани маъдан, кӯраи маъдангудозӣ, ашёҳои металӣ дар шакли табарҳо, ханҷар, кор, чангакҳои моҳидорӣ, сӯзанҳо ва ғайр пайдо карда шуданд. Дар макони ҳафриёт ашёҳои ороишии зиёд, ки аз сангҳои қиматбаҳо ва садаф сохта шудааст, инчунин, 48 шабаи тиллоӣ, ҳамзамон дувоздаҳ гулбарги тиллоӣ пайдо карда шудааст. Саразмиҳо бо алоқаҳои худро васеъ намуда, дар миёнаи қарни IV-уми то милод муносибатҳои фарҳангӣ ва тиҷоратии худро бо марказҳои қадимаи Туркменистони ҷанубӣ, Эрон, Баллуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон барқарор карда буданд ва ашёҳои биринҷӣ, аз қабили корд, ханҷар, табари дудама, сангҳои дастадори тарозу, асбоби зебу зинатии аз фирӯза, лоҷувард ва ақиқ сохташудаву ёфтшуда аз ин шакли робитаҳо дарак медиҳанд.

Дар асоси бозёфтҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки аҳолии Саразм ба деҳқониву чорводорӣ, шикору моҳигирӣ, косибиву маъдангудозӣ шуғл доштанд. Либосу палоси онҳо аз пӯсту пашми ҳайвонот иборат буд. Кулолгарӣ низ дар байни аҳолии Саразм роиҷ буда, онҳо косаву табақ, ҷому пиёла, кӯзаву хумча месохтанд ва бо рангҳои гуногун онро оро медоданд. Дар байни аҳоли Саразм сохти авлодӣ ҳукмрон буд. Баъди эълон гардидани ҷашни 5500 – солагии ёдгории таърихии Саразм олимони бостоншинос ба Саразм бештар таваҷҷуҳ карда, ба ковишҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ камар бастанд.

Дар баробари дигар муассисаҳои илмӣ–тадқиқотӣ устодони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии декани факултет, профессор Шарифов Р.Я., н.и.т., муаллими калон Хоҷаев М.П. ва ассистент Шоинбеков Ф.Н. бо донишҷуёни ихтисоси бостоншиносӣ дар ҳафриёти Саразм иштирок намуданд. Гурӯҳи бостоншиносон дар моҳҳои июну июл дар қисмати ҷанубу шарқии ёдгорӣ, дар ҳафриёти №18 ва дар моҳи октябри соли 2019 дар ҳафриёти № 11 ковишҳо гузарониданд.

Дар натиҷаи поккорӣ дар ҳафриёти №18 бунёди якчанд биноҳо кушода шуда, аз ҷониби меъмор Саломов Р. ба қайд гирифта шуд. Дар рафти ҳафриёт гурӯҳи бостоншиноси факултети таърих аз ҳафриётҳои №18 ва №11 бозёфтҳои зиёдро ба даст овардаанд, ки дар байни онҳо якчанд бозёфт арзиши калони таърихиро доро мебошанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи поккорӣ дар ҳафриёти № 18 мӯҳраи аз санги фирӯза сохта шуда пайдо гардид, ки он яке аз бозёфтҳои нодир ва арзишманд мебошад. Инчунин аз ҳафриёти №18 шумораи зиёди сафолпораҳо, сангҳои коркардшуда, омодашуда, чоперу чопенг, пархаҳо, теғаҳо ва аз маъдан бошад сарнайзаи биринҷӣ ёфт гардиданд. Бостоншиносон дар ҳафриёти №11 салиби аз санги кременнӣ сохташударо пайдо намуданд, ки он яке бозёфтҳои нодиртарин ва арзишмандтарини таърихӣ ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки чунин салиб бори аввал дар ин шакл дар ёдгориҳои замони энеолит ва биринҷ дар Осиёи Миёна пайдо гардидааст. Пайдо гардидани салиб худ гувоҳи он аст, ки ин рамз дар баробари гардуна яке аз аввалин рамзҳои аҷдодони ориёиҳо мебошанд.

То ин вақт бостоншиносон салибро танҳо дар сафолҳо, ки бо ранг кашидашуда буд, пайдо намуда буданд. Бо чунин шакл салиб бори аввал дар Саразм пайдо гардид. Ба ғайр аз ин аз ҳафриёти №11 дар натиҷаи поккорӣ, рӯфтан ва тоза намудан, сафолпораҳои дорои аломатҳои гуногуни ҳандасавӣ пайдо гардиданд, ки онҳо низ яке аз беназиртарин намунаҳои сафолҳои Саразм ба шумор мераванд. Инчунин аз ин ҳафриёт шумораи зиёди сафолпораҳо, қабатҳои устухони ҳайвонот, шикастпораҳои сангҳои кременӣ, шишасангҳо, сӯзани устухонӣ ва ғайраҳо пайдо карда шуданд. Ҳамин тавр, гурӯҳи бостоншинос дар се давр дар Саразм ҳафриёт гузаронданд. Метавон гуфт, ки шаҳраки Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ алоқаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои халқҳои замони энеолит ва биринҷи барвақтиро таҷассум мекунад.

Т.Х. Турсунов, муовини декани факултети таърих оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, дотсент

 

САДАФИ ФИРӮЗА АЗ САРАЗМ

(рамз, шакл ва мақоми он)

 

Меҳровар Хоҷаев, мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, Фирӯз Шоинбеков,ассистенти кафедра

Тобистони соли 2019 устодон ва донишҷӯёни кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии декани факултети таърих, д.и.т., профессор Шарифов Р.Я. дар ҳафриёти ёдгории Саразм иштирок намуда, дар соҳаи бостонии №18 ҳафриёт гузарониданд.

Дар ин ҳафриёт яке аз бозёфтҳои ҷолиб – садафи аз санги фирӯза тайёркардашуда ёфт шуд, ки он дар қабати 3-юми Саразм пайдо гардид. Бояд қайд намуд, ки пайдо гардидани ин бозёфт дар ин мавсим хеле муҳим ва саривақтӣ буд, зеро санги фирӯза, коркард ва истихроҷи он шаҳодат аз рушди баланди соҳаи ҳунармандӣ ва зебоипрастӣ дар Саразм медиҳад. Тавре бостоншинос А.Исҳоқӣ қайд намудааст, дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла заргарӣ хеле ривоҷ ёфта буд ва саразмиён 33 намуди марҷону шаъбаю бозубандро месохтанд. Дар натиҷаи ҳафриёт аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9 адад намуди марҷон, лоҷувардӣ 6 адад, фирузагӣ 7 адад дарёфт гардидаанд. Аз гӯри маликаи Саразм низ санги фирӯза дар шакли муҳра сохташуда пайдо гардидааст.

Фирӯзаи аз объекти №18 аз ҷиҳати шакл ва коркард хеле ҷолиб буда, аз санъати баланди ҳунармандони Саразм дарак медиҳад. Ҷолиб он аст, ки фирӯза салибшакл буда, хеле моҳирона тарошида шуда, байнаш сӯрох мебошад. Ҳар чор қисмати он аз теға иборат буда, теғаҳо ва кунҷҳои он андозаи якхеларо доро мебошанд.

Салиб дар Саразм мақоми хос дошта, ҳам дар шакли ҷудогона ва ҳам дар сафолҳои Саразм хеле зиёд дучор гардидааст. Бояд гуфт, ки санги фирӯза таърихи қадима дошта, дар байни бозёфтҳои бостоншиносии ёдгориҳои давраҳои гуногуни Осиёи Миёна хеле зиёд дучор меояд. Васеъ истифода гардидани санги фирӯзаро дар давраи қадим бозёфтҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ гувоҳӣ медиҳанд. Бештари бозёфтҳо дар шакли муҳра дар ёдгориҳои Олтинтеппа, Саразм, Намозгоҳ, Сафолтеппа, Ҷарқутан, Шаддод, Афросиёб, Марв, корвонсарои Якяйла (Хоразм), Кюзелгир ва дигар ёдгориҳо пайдо гардидааст. Муҳаққиқон муайян намудаанд, ки қадимтарин марказҳои калони коркарди сангҳои қиматбаҳо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои IV-III п.м. дар Шарқи Қадим, Ҳинд, Шумер ва Миср аз ҷониби аввалин зироаткорон ва кишоварзон ба вуҷуд омадааст. Бояд гуфт, ки аввалин шаҳрҳои қадимтарин макони тавлиди коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ба вуҷуд омадани касби алоҳидаи ҳунармандии ин соҳа буданд, ки дар онҳо маҳсули зироаткорон бо ҳунармандон мубодила карда мешуд.

Пас гуфтаҳои боло гувоҳии он ҳастанд, ки коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, аз ҷумла фирӯза, дар Саразм хеле барвақт ба вуҷуд омадааст ва бе ягон шубҳа метавон онро ба ҳазорсолахои III-II п.м. мансуб донист. Ба ақидаи А.Исҳоқӣ саразмиён зиёда аз 15 намуди ҳунармандии дастиро бо тамоми нозукиҳо аз худ карда буданд. Фирӯза аз замонҳои хеле қадим дар Шарқ яке аз сангҳои дӯстдошта ва қиматбаҳо ба шумор рафта, ин сабаб гардид, ки дар бораи санги фирӯза асотиру ривоятҳои гуногун ба вуҷуд оянд. Дар Осиёи Марказӣ конҳои зиёди санги фирӯза аз тарафи муҳақиқон кашф гардидаанд, ки дар онҳо аз давраҳои қадим истихроҷи ин санги қиматбаҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, конҳои фирӯзаи Исфара, Хуҷанд, Элок ва кони машҳури Нишопури Эрон аз давраҳои қадим мавриди истифода қарор гирифтанд. Бостоншиноси машҳур М.Массон дар асари худ «К истории горного дела на территории Узбекистана» қайд намудааст, ки «навъи фирӯзаи Исфара ва Хуҷанд олӣ буда, сифати баландро доро мебошанд». Ҷобир ибни Ҳаййан ас–Суфӣ дар китоби худ «Избраное о талисманах» фирӯзаро «санги пирӯзӣ», «санги ҳифз аз чашми бад» ва «санги мансаб» номидааст. Аз рӯи ривоятҳо санги фирӯза дилро қувват бахшида, тарсро дур мекунад ва он рамзи пирӯзӣ ва ғалаба мебошад. Санги фирӯза рамзи хушбахтӣ, некӣ, рушноӣ ва зиндагӣ мебошад. Ин ривоятҳо решаи куҳан дошта, аз давраҳои қадим аз насл ба насл то замони мо омада расидаанд.

Пас, ин маънои онро дорад, ки саразмиён низ санги фирӯзаро ҳамчун тӯмор, наҷотдиҳанда аз кулли балоҳҳо дониста, онро бо ҳунари воло тайёр карда, ҳама вақт бо худ дар шакли муҳра, бозубанд, дастбанд, овеза ва ғайра мегардонданд. Дар бораи шуҳрати фирӯзаи Нишопури Эрон муҳақиқон А.В.Виноградов, С.В. Лопатин ва Э.Д.Мамедов дар мақолаи худ «Фирӯзаи Қизилқум (истихроҷ ва коркард)» навишта, қайд намудаанд, ки он дар тамоми Аврупо ва Осиё паҳн гардида буд. Дуруст аст, ки фирӯзаи Эрон дар натиҷаи муносибатҳои тиҷоратӣ хеле васеъ паҳн гардид. Пас, саразмиён, ки аввалин кишоварзон ва маъданкобони Осиёи Миёна санги фирӯзаро аз куҷо дастрас намудаанд? Аллбата бе ягон шакҳу шубҳа аз кӯҳҳои Муғултоуи Хуҷанд ва Исфара. Набояд фаромӯш сохт, ки муҳоҷирати саразмиён аз водиҳои паҳновари Осиёи Миёна ба самти Зарафшон маҳз коркард ва истихроҷи маъдан ва сангҳои қиматбаҳои ин ҳудудҳо буд. Саразм на танҳо шаҳри зироаткорон, балки як маркази саноатии Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамаи ин ба захираҳои табии водии Зарафшон ва гирду атрофи он вобаста мебошад. Аз ашёҳои зинатдеҳ ва ороишии саразмиён метавон хулоса баровард, ки гарчанде олотҳои меҳнатӣ аз санг, устухон, биринҷ буданд ва дар шакли лозимӣ коркард мешуданд, ашёҳои ороишӣ, аз ҷумла аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо тайёр шуда, дар сатҳи олӣ коркард мешуданд. Бостоншинос А. Аскаров аз гӯрҳои Сафолтеппа садаф ва муҳраҳои зиёдро пайдо намудааст, ки дар байни онҳо муҳра ва садафҳои фирӯза аз рӯи шумораи худ дар ҷои сеюм қарор дошта, аз рӯи шакл низ муҳраҳои фирӯза ба гурӯҳи муҳраҳои силиндиршакл ворид гардидаанд. Аз гӯрҳои Ҷарқутан низ шумораи зиёди муҳраҳои фирӯза пайдо гардидаанд.

Дар натиҷаи муқоисаи садафи аз Саразм пайдогардида бо бозёфтҳои аз дигар ёдгориҳои ҳамзамони Саразм якчанд ҳамрангиҳо мушоҳида гардидаанд: Муҳраҳои аз Олтинтеппа пайдогардида. Дар ин ҷо муҳраи марказӣ ба садафи аз Саразм пайдогардида хеле шабоҳат дошта, танҳо фарқ дар он аст, ки садафи Саразм дар марказ ва муҳраи Олтинтеппа аз ду тараф сӯрох шуда, ба ресмон кашида шудааст. Аммо шакл ва аломат, кунҷҳою теғаҳо ба садафи Саразм хеле шабоҳат доранд.  Ба ғайр аз ин, дар он аломате, ки садафи аз Саразм пайдогардида тарошида шудааст, ин аломат дар сафолҳои Олтинтеппа низ мушоҳида карда мешавад. Ҳамрангӣ бо мӯҳраҳои Сафолтеппа. Дар натиҷаи ҳафриёт аз гӯри № 41 муҳраҳо ба даст омаданд, ки ба садафи фирӯзаи Саразм наздикӣ дорад. Тасвир дар сафолҳои Саразм ва Туркманистони Ҷанубӣ. Тавре маълум аст, дар Саразм сафолҳои зиёди ранга, ки дар онҳо ҳар гуна нақшаҳои ҳандасавӣ кашида шудаанд, пайдо гардидаанд. Аломат ва шакли фирӯзаи Саразм дар баъзе аз сафолҳои Саразм ва Туркманистони Ҷанубӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад.

Аз бозёфтҳо маълум гардид, ки ин аломат барои саразмиён ва умуман маданиятҳои давраи биринҷии Осиёи Миёна муқаддас буда, онро на танҳо бо ранг дар сафолҳо тасвир мекарданд, балки сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳоро низ дар он шакл метарошидаанд. Пас, фирӯзаи аз Саразм пайдогардида хеле нодир буда, он дар ҳаёти саразмиён мавқеъи махсусро доро будааст. Саразм яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Миёна буда, ҳар як хурдарин ҷузъи бозёфти он инъикоскунандаи таърих ва тамаддуни қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Кашофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ қайд намудааст: «Ба ҳар як бостоншинос зарур аст, ки бозёфтҳои худро ба забон ораду аз шаклу намуди онҳо хулоса барорад». Ҳамин тавр, аз рӯи бозёфти санги фирӯзаи Саразм чунин хулосаҳо бароварда шуданд:

  1. Пайдо гардидани маҳсули ҳунармандони Саразм, яъне садафи аз фирӯза таёршуда, гувоҳи он аст, ки Саразм на танҳо шаҳри кишоварзӣ, балки дар истеҳсоли маъдан ва сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо маркази асосии саноатӣ мебошад.
  2. Аз рӯи шакл, сохтор ва коркарди санги фирӯза ва дигар маҳсулоти ҳунармандон маълум мегардад, ки созандагони онҳо дар сатҳи баланди касбӣ қарор доштанд.
  3. Ривоятҳо дар бораи санги фирӯза гувоҳи он мебошад, ки маҳз аввалин марказҳои тамаддун, аз қабили Саразм ва дигар шаҳрҳои кадимӣ, аввалин созанда ва поягузори зебоипарастӣ дар Осиёи Миёна ба шумор мерафтанд.
  4. Садафи Саразм дар шакли салиб тарошида шудаст ва дар асоси усулҳои муқоисавӣ ин аломат дар сафолҳо ва дигар ашёҳои ороишӣ тасвир ёфтааст, ки ҳамранги он дар зарфҳо ва муҳраҳои Олтинтепппа ва Сафолтеппа мушоҳида мешавад.
  5. Садафи Саразм, тасвири аломати салиб дар сафолҳо ва дигар ашёҳои ороишӣ нишони он аст, ки салиб яке аз рамзҳои асосии саразмиён ба ҳисоб мерафтааст.
  6. Тасвири аломати салиб дар сафолҳои Саразм зиёд ба назар мерасад, аммо дар чунин шакл, яъне салиби дар шакли муҳра тарошидашуда, бори аввал дар Саразм пайдо гардидааст.