Муовини ректор оид ба илм

Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо доктори илмҳои химия, профессор 

Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо  (тав.19.07.1965), кимиёшинос, доктори илмҳои химия (2008), профессор (2009) Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. Пас аз хатми факултети химия ба ҳайси корманди хурди илмии лабораторияи “Синтез ва тадқиқи пайвастаҳои комплексӣ”-и назди шӯъбаи илми ДДТ ба номи В.И.Ленин ба кор шурӯъ намудааст. Мавсуф соли 1996 ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ интихоб шудааст. Соли 1999 ба докторантураи ДДМТ дохил шуда, онро соли 2001 хатм намудааст. Баъди хатми докторантура аз соли 2002 дар вазифаи дотсенти кафедраи химияи ғайриорганики кор кардааст. Солҳои 2002-2004 ҷонишини декани факултет оид ба илм кор кардааст. Соли 2008 аъзои Шӯрои методии Донишгоҳ интихоб гардидааст. Соли 2008 натиҷаи корҳои илмиашро ҷамбъаст намуда, дар ш. Воронежи Федератсия Россия рисолаи докториро бомувафақият дифоъ намудааст. Соли 2009 Сафармамадзода С.М. дар асоси озмун ба вазифаи профессор ва ҳамзамон мудири кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ интихоб шудааст. Номбурда солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори раёсати таълими ДМТ, солҳои 2012-2013 ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва аз соли 2014 то ҳол ҳамчун ноиби ректор оид ба илми ДМТ фаъолият карда истодааст.

Самти асосии таҳқиқоти илмиаш омӯзиши пайвастҳои кординатсионии металлҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол бо лигандҳои гуногуни органикӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар натиҷаи таҳқиқотҳояш зиёда аз 500 пайвасти нави координатсионӣ ҳосил намуда, хосияти биологӣ ва антирадиатсионии онҳо омӯхта шудааст.

Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиаш дар истеҳсолот ҷорӣ шудааст.

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зиёда аз 300 асари илмӣ, ду монография, 8 дастури таълимиву китоби дарсӣ ва 3 патент ба табъ расидааст. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар аспирантони ватаниву хориҷӣ рисолаҳои номзадиашонро бомувафақият дифоъ намуда, 3 нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” инчунин бо медали «Хизмати шоиста» ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.