САРАЗМ – ЁДГОРИИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ 

Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шаҳри қадимаи Саразм

-Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 – солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

-Шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст, ки дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хосса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад.

Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.

 -Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” – ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад.

Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид.

-Бояд гуфт, ки дар водии Зарафшон даҳҳову садҳо ёдгориву иншооти таърихӣ мавҷуданд, ки на фақат барои мардуми Панҷакенти бостонӣ, балки барои кулли сокинони Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз онҳо ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Саразм аст.

Он аз ҷониби олимони муътабари олам ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси Барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» эътироф шудааст ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешавад.

– Хушбахтона, имрӯз таърихи бостонии мо дар нигоҳи аҳли хиради ҷаҳон чун хуршеди тобон таҷаллӣ медиҳад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидани ёдгории камназири Саразм бо таърихи шашҳазорсолааш далели равшани ин матлаб аст.

-Бо дарназардошти аҳаммияти қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5 ҳазору 500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.