Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума

Директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, номзади илмҳои филология, дотсент Исмонов К.Б

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума соли 1980 аввал ҳамчун шуъбаи табъу нашр бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки устодони ин даргоҳ тавассути он ранҷу заҳмати қаламашонро ба ҳаводорони илму адаб пешкаш намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу малакаи шогирдон хизмати шоистаеро ба сомон расонидаанд. Ҳамин тариқ, бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва фармони собиқ ректори донишгоҳ, профессор Саидов Нуриддин Саидович аз 4-уми феврали соли 2010, №51 – 09 шуъбаи табъу нашр ба Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума табдили ном карда шуд.

Маркази табъу нашр дар навбати аввал барои ба нашр ва тавсиа намудани монография, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодону аспирантон ва кормандони донишгоҳро ба нақша гирифта, ҳамасола тибқи нақша тавсияи нашри онҳоро таъмин менамояд. Маркази табъу нашр дар амалӣ гардонидани фаъолияти таҳрирӣ ва интишори маводи нашршавандаи ДМТ ва дигар муассисаҳои илмии ҳавасманд саъю кӯшиш намуда, барои саривақт ва бо сифати баланд дастрас намудани онҳо мусоидат менамояд. Дар омода намудан ва гузаронидани намоишгоҳҳо, семинарҳо, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ Маркази табъу нашр чун дигар сохторҳои марбутаи донишгоҳ саҳмгузор мебошад. Айни замон дар Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ 10 – нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд. Ибодова Моҳира Кароматуллоевна – мудири редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон».

Тибқи талаботи моддаи 87-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2000, №92 нашриёти «Сино»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Саридораи давлатии ҷумҳуриявии нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳрасти №21Р-357 аз нав ба қайд гирифта шуд ва ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо мақсади беҳдошти кори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума ва хушсифату пурмӯҳтаво нашр гардидани маводи илмӣ ва дастовардҳои таълимӣ-методии устодони ДМТ бо фармони ректори донишгоҳ аз 10-уми июни соли 1999, №172-09 Шӯрои табъу нашр ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми ДДМТ» (ҳоло ДМТ) созмон дода шудааст, ки аз рӯзи таъсисёбиаш ба фаъолияти мунтазам оғоз намуда, барои беҳдошти кори Марказ ва нашри мунтазами маводи чопии донишгоҳ ва маҷалла, ки дар он мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандон, аспирантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаҳои мухталифи кишвар ва берун аз он чоп мешаванд, саҳмгузор мебошанд.

Хушбахтона, аз моҳи майи соли 1999 бо ташаббусу кордонии собиқ ректори донишгоҳ, академики АИ ҶТ, профессор Сафаров Ҳабибулло Муродович ва талошҳову кӯшишҳои некбинонаю дурнамои собиқ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Аминҷонов Азимҷон Олимович шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз нав ба фаъолият оғоз намуд ва пас аз танаффуси кутоҳ бо кӯшиши роҳбарияти қисми илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ нашри маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» дар панҷ бахши мухталиф ба роҳ монда шуда, аз 27-уми октябри соли 1999, №503 ҳамчун нашрияи даврӣ дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Аввалин шумораи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» соли 1999 ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди профессор Моёншо Назаршоев аз чоп баромад, ки дар таъсиси маҷаллаи мазкур саҳми ин олими тоҷик хеле назаррас аст.

Айни замон дар омода намудани маводи ба нашр расидаи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» вобаста ба бахшҳо 8-нафар мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо донандаи хуби кор худ мебошанд. Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» вобаста ба бахшҳо ҳамасола дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби устодону профессорони варзида созмон дода шуда, чопи мунтазами он ба роҳ монда мешавад.

Маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» бо фармони собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович аз 12-уми майи соли 2012, №153-09 ба бахшҳо ҷудо карда шуда, ин тарзи коргузорӣ дар пешрафти кори маҷалла ва сатҳу сифати он мусоидат намуд.

Имрӯзҳо маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз рӯи бахшҳои: 1. Бахши табиӣ 2. Бахши иқтисодӣ 3. Бахши гуманитарӣ 4. Бахши «Филология» ба роҳ монда шудааст.

Шурӯъ аз соли 2014 дар бахши илмҳои табиӣ як қисмати нав зери унвони тиб ва дорусозӣ ворид карда шуд, ки ин ба мутахассисони соҳаҳои мазкур имкон медиҳад, ки дастовардҳои илмии худро дар саҳифаҳои маҷалла ба табъ расонанд. Фаъолияти редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» (пештара «Паёми ДДМТ») аз соли 1990 оғоз гардида, то имрӯз 132 шумораи он бо миқдори 16000 нусха дар бахшҳои мухталиф ба нашр расидааст.

Ҳамасола маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз 20 то 25 шумора ба нашр расида, он фарогири мақолаҳои илмии на танҳо устодону кормандон ва аспирантони донишгоҳ, инчунин устодону кормандони дигар муассисаҳои мухталифи кишварамон ва Пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ва берун аз он (Москва, Санкт-Петербург, Челябинск, Владивосток, Украина, Озарбойҷон, Полша, Қирғизистон, Қазоқистон, ӯзбекистон, Самарқанд, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон) мебошад.

Маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия эътироф гардидааст.

Сомонаи маҷалла