Ректорҳои ДМТ

Раҷабов Зариф Шарифович

1948-1954

Хатмкардаи Дорулмуаллимини шаҳри Самарқанд (1923) ва Донишгоҳи давлатии Маскав (1932), доктори илмҳои таърих (1959), профессор (1960), аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶШСТ (1951), академики Академияи илмҳои ҶШСТ (1962) буда, дар вазифаҳои ходими калони илмии базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1937), мудири кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравии Донишкадаи муаллимии тоҷикии ш. Тошканд (1938-1941), ходими калони илмии Институти забону адабиёт ва таърихи филиали ӯзбекистонии АИ ИҶШС (1941-1943), мудири кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДТ ба номи В.И.Ленин (1954-1959), директориИнститути таърихи ба номи А.Дониши АИ ҶШСТ (1959-1962), мудири шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Тоҷикистон (1962-1972), сармуҳаррири Шуъбаи фанҳои ҷамъиятии маҷаллаи «Ахбори АИ ҶШСТ» кор кардааст.

Нарзиқулов Ибодулло Қосимович

1954-1956

Мактаби олии техники Ленинград (ВТУЗ) (1931) ва Институти индустралии Ленинград ба номи М.И. Каленинро (1935) хатм намудааст. Академики Академияи илмҳои ИҶШСТ (1953) ва ходими шоистаи илми ҶШСТ (1964) буда, дар вазифаҳои иқтисодчии Кумитаи банақшагирии ҶШСТ (1935-1938), иқтисодчӣ, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва иқтисодчии Комисарати халқии саноати матбуот (1938-1941), ёвари раиси Шӯрои Комисарати халқии Тоҷикистон (1941-1943), раиси Кумитаи банақшагирии ҶШСТ (1941-1946), ҷонишини раиси Президуими филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (1951-1953), ҷонишини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС (1957-1957), ноиби аввали Президенти АИ ҶШСТ (1957-1966), Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҶШСТ (1968-1970), мудири кафедраи иқтисодиёти саноатии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1955-1971) кор кардааст.

Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич

1956-1971

Донишкадаи маорифи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро (1930) хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқ (1949), профессор (1950), академики АИ ҶТ (1957) буда, дар вазифаҳои муаллими Донишикадаи сохтмони шӯравӣ ва ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд (134-1937), ҷонишини декани ҳамин донишкада (1937-1940), ректори Донишкадаи ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд (1943-1945), мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1954-1956), академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶШСТ (1965-1973), роҳбари Шуъбаи тоҷикистонии ҷамъияти дӯстӣ бо мамолики Араб, ҷонишини сармуҳаррири «Қомуси Шӯравӣ» (1972-1974) кор кардааст.

Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович

1971-1982

Факултети физикаю математикаи Институти педагогии Ленинободро хатм намуда (1949), доктори илмҳои физикаю математика (1971), профессор (1988), академики АИ ҶТ (1973) буда, дар вазифаҳои ассистенти кафедраи физикаи Институти мазкур (1942-1950), аспиранти Расадхонаи Сталинобод ва Институти давлатии астраномии ба номи П.К.Штренбергии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (1950-1954), директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (1959-1971, 1992-2002) кор кардааст. Узви вобаста (1966) ва академики АИ ҶТ (аз с.1973), раиси Шӯрои ректорони макотиби олии Тоҷикистон (1974-1983), узви КМ ҲК ҶШСТ (1976-1986), раиси Шуъбаи тоҷикистонии Анҷумани умумииттифоқии астраному геодезҳо (1972-1994), узви Кумитаи АИ Федератсияи Русия оид ба супоридани ҷоизаи Ф.А. Бредхина дар соҳаи астрофизика (аз с. 1990), аъзои Раёсат (1988-1989) ва ноиби Президенти АИ ИҶСТ (1986-1989) буданд.

Назаров Талбак Назарович

1982-1988

Донишкадаи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Ленинградро (1960) хатм намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ (1975), профессор (1976), аъзои вобастаи АИ ҶТ (1981), академики АИ ҶТ (1991), академики Академияи байналмилалии макотиби олӣ (1991) буда, дар вазифаҳои ассистенти кафедраи ҳисобдорӣ ва омори факултети иқтисодии ДДТ (1960-1962), муаллими калони кафедраи иқтисоди савдо ва молия (1965), ҷонишини декани факултети иқтисодии ДДТ ба номи В.И.Ленин (1966-1969), мудири кафедраи молия ва қарзи ДДТ (1967-71), декани шуъбаи шабонаи факултети иқтисодӣ (1969-1971), проректори шуъбаи шабонаи ДДТ (1970-1971), ходими калони илмии ДДТ (1972-1973), мудири кафедра ва декани факултети иқтисодии ДДТ (1071-1980), раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолоткунандаи АИ ҶТ (1980-1982), раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШСТ (1983-1988), раиси Шӯрои Олии ҶШСТ (1986-1988), аъзои Кумитаи КМ ҲК Тоҷикистон (1986-1991), Вазири маорифи халқи Тоҷикистон (1988-1990), узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982-1988), ҷонишини якуми раиси Шӯрои Вазирони ҶШСТ ва раиси Госплани ҶШСТ (1990-1991), Витсе-президенти АИ ҶТ (1991-1994), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1994), Вазири корҳои хориҷии ҶТ (1994-2006 ) кор кардааст.

Давлатов Исмоил Давлатович

1988-1990

Факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1969) хатм намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ (1986), профессор (1989), академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ буда, дар вазифаҳои ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии ДДТ (1969-1971, 1974-1975), муаллими калон (1976), дотсент (1976-84), ходими илмӣ (1984-1987), профессор ва мудири кафедраи иқтисоди сиёсии ДДТ (1987-1988), Вазири маорифи ҶТ (1990-1992), Вазири иқтисод ва молияи ҶТ (1992-1993), Вазири иқтисоди ҶТ (1993-1995), Вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон (1994-1997), раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ (1997-1998) ва муовини Вазири маорифи ҶТ (1998-2000) кор кардааст.

Тоҳиров Фозил Тоҳирович

1990-1995

Факултети ҳуқуқшиносии ДДТ-ро (1966) хатм намудааст. Доктори илмҳои ҳуқуқ (1988), профессор (1990), узви пайвастаи Академияи АИ ҶТ, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ мебошад. Дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи ДДТ (1967-95), раиси Созмони иттифоқи касабаи муаллимон, проректори шуъбаи шабонаи донишгоҳ, котиби кумитаи ҳизбӣ, проректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ (1986-1990), саркотиби АИ ҶТ (1995-2000), академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ кор кардааст. Узви Шӯрои Президенти ҶТ, узви Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, узви комиссияи Маҷлиси Олии ҶТ оид ба таҳияи рамзҳои давлатии ҶТ, раиси Шӯрои ректорон, ноиби Президенти Ассостиатсияи илмҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, узви раёсати АИ ҶТ ва аз соли 1995 раиси Шӯрои махсусгардонидашудаи назди донишгоҳ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ доир ба ҳуқуқ мебошад.

Сафаров Ҳабибулло Муродович

1995-2001

Факултети биологияи ДДТ-ро (1962) хатм намудааст. Доктори илмҳои биология (1983), профессор (1984), академики Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ (1983) буда, дар вазифаҳои лаборант, ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДДТ (1962), ҷонишини декани факултети биология (1972-1976), декани факултети биология (1977-1994), ноиби ректори ДДТ оид ба таълим (1994-1995), мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти донишгоҳ кор кардааст.

Узви вобастаи АИ кишоварзии ҶТ (1994), академики Академияи байналхалқии илмҳои макотиби олии (1995), академики АИ тиббӣ- техники Русия (1999) ва доктори фахрии Институти муносибатҳои миллӣ ва минтақавии ш.Масква (1999) буд.

Сафиев Ҳайдар Сафиевич

2001-2005

Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (1969) ва Донишгоҳи политехникии ш. Киевро (1972) хатм намудааст. Доктори илмҳои химия (1997), профессор, (1998), узви вобастаи АИ ҶТ (2000) буда, дар вазифаҳои лаборант ва ассистенти Донишгоҳи политехники Тоҷикистон (1972-1973), ходими хурди илмии Донишгоҳи политехники Киев (1973-1977), муаллими калон ва мудири кафедраи Донишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб (1977-1982), муовини мудири шуъбаи илм, техника ва мактабҳои олӣ ва миёнаи назди Ҳукумати ҶТ (1982-1987), мудири шуъбаи коркарди ашё ва партовҳои саноатии Институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ (1987-1998), ҷонишини сардори Шуъбаи техникии заводи алюмении Тоҷикистон (1998-2001), саркотиби илмии АИ ҶТ (2000-2001), мушовири директори заводи алюмении Тоҷикистон (2001) кор кардааст.

Одинаев Саидмуҳаммад Одинаевич

2005-2008

Фаъолияти илмии узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика, профессор Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз шудааст. Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи ДМТ таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 ҳимоя кардааст.

Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физи¬каю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Хизматҳояш бо ордени “Шараф” тақдир шуда, ӯ ба сифати узви пайвастаи чандин академияҳо (Академияи илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои Ню-Йорк, Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ) пазируфта шудааст. Ҳамзамон, узви бюрои шуъбаи илмҳои физикаю математика ва химияву геологияи АИ ҶТ, узви Комиссияи ҳамкорӣ бо МАГАТЕ дар назди Ҳукумати ҶТ, Раиси Шӯрои махсусгардонидашудаи илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ оид ба физика дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Саид Нуриддин Саид

2008-2012

Фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва иҷтимоию роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба солҳои 1993-2012 рост меояд. Нуриддин Саид фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ҳамчун ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

 Аз моҳи январ то ноябри соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва сипас то соли 2012 дар мансаби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Барои хизматҳои шоён дар рушди илму таҳсилот Саид Нуриддин Саид соли 2012 бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сазовор гардид.

Аз соли 2012 то аввали соли 2020 ба ҳайси Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст ва аз 24 январи соли 2020 инҷониб ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

2012

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳаёт Одинаев дар факултети иқтисод ва идораи ДМТ аз соли 1990 инҷониб фаъолият дорад. Дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба илм (1995-2000), декани факултети иқтисод ва идора (2005-2008), сардори раёсати таълим ва ректори ДМТ (2012) кор кардааст.

Ӯ соли 1995 рисолаи номзадиашро дар Москва ҳимоя намуда, солҳои 2001-2004 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҳсил ва рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Моҳи октябри соли 2007 ба ҳайси профессори кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ пазируфта шудааст.

Ҳ. Одинаев раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 (иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ) буда, инчунин, узви се шӯрои илмӣ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. Роҳбарии илмии лоиҳаи фармоишии илмӣ-таҳқиқотиро, ки Шӯрои ҳамоҳангсози Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, низ ба уҳда дорад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ

2012 то 23 январи соли 2020

Имомзода М.С. хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ), доктори илмҳои филология, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё буда, аз соли 1981 то соли 1991 дар АИ ҶТ ба сифати лаборант, лаборанти калон, ходими хурди илмӣ адои вазифа намудааст. Солҳои 1984-1985 дар Москва ҳамчун муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горкийи АИ ИҶШС фаъолият кардааст. Солҳои 1985-1988 дар аспирантура таҳсил карда, аз соли 1991 ба кафедраи адабиёти советии тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба кор омада, ба сифати муаллими калон, муовини декан, дотсенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 1999-2004 декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон будааст. Моҳи декабри соли 2004 ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва ва соли 2012 то 23 январи соли 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз 24 январи соли 2020 то 21 феврали соли 2022  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Академик Имомзода М.С. дорандаи унвонҳои баланди илмӣ ва нишонаҳои сарисинагӣ, аз ҷумла нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», Ифтихорномаи роҳбарони кишварҳои ИДМ, Ифтихорномаи раиси котиботи ИДМ, Корманди шоистаи макотиби олии Федератсияи Россия мебошад.

ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ

Аз 27-уми январи соли 2020 то 16-уми январи соли 2024

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт хатмкардаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети мазкур (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона (2009-2013), ассистент, муаллими калон, дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018), директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (2019), аз моҳи феврали соли 2019 декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ ва аз 27-уми январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 16-уми январи соли 2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз 16-уми январи соли 2024 ба ҳайси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

Хизматҳои Хушвахтзода Қ.Х. бо «Ифтихорнома»-и ДМТ (солҳои 2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019), Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ) – соли 2012, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2014), Медали ҷашни 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (соли 2021), Ордени Шараф дараҷаи II (соли 2022), ҳамзамон, чандин ифтихорномаву сипосномаҳои сохторҳои илмию таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар қадр гардидаанд.