Забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ

Мудир – Назаров Т.

Email: 

Тел: 900-05-05-25

Суроға:

    Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Мудири аввалини кафедра номзади илмҳои филологӣ Шаҳобова Малоҳат Бадриддиновна  буд. Моҳи ноябри соли 1964 дар заминаи ин кафедра кафедраи забони англисӣ ва кафедраи забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ кушода шуданд.

    Вазифаҳои асосии кафедраҳо аз он иборат буд, ки ба донишҷӯён хониш ва тарҷумаи адабиётҳои бадеӣ ва тахаcсусиро омӯзонанд. Дар Донишгоҳ донишҷӯён забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва олмониро меомӯзанд. Дар факултетҳои таърих, ҳуқуқшиносӣ ва биология ҳамчунин забони лотинӣ омӯхта мешуд.  

    Роҳбарии кафедраро шахсони зерин ба уҳда доштанд: М.Б.Шаҳобова, Г.Б.Баракаева, А.Р.Камолова, Х.Яҳёева, М.Абдулхоҷаева, М.Ҷалилова, А.Мамадна­заров.  Дар кафедраи забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ бошад% И.С.Раҷабова, Л.Д.Франк, Н.Абдолов, М.Т.Бобоева, К.Пиров, И.Х. Абирова …

    Дар истифодаи васеи кафедра кабинетҳои фонетикии муҷаҳазонидашуда қарор доранд, ки тавассути онҳо донишҷӯён ва аспирантон дониши забони хориҷии худро сайқал медиҳанд. Ҳама сола дар кафедра бо иштироки донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ, намояндагон аз факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ ва Донишкадаи забонҳо инчунин бо иштироки бевоситаи фаронсавиҳо аз созмони Бохтар рӯзи забони фаронсавӣ «Франкофон» доир карда мешавад. Донишҷӯён бо қироат намудани шеърҳои шоирони Фаронса, сурудани таронаҳои машҳури фаронсавӣ, ба саҳна гузоштани намоишҳои ҷолиб табъи иштирокчиён ва меҳмононро болида намуда, инчунин қаноатманд шудани худро дар омӯзиши забони фаронсавӣ ба ҳозирин нишон медиҳанд.

     Дар солҳои аввал кафедра бо Донишгоҳи Клагенфурт ҳамкориҳои таҷрибаомӯзиашонро қавӣ гардонд. Мувофиқи он соли 1988 аз Донишгоҳи Клагенфурт омӯзгорон барои таҷрибаомӯзӣ ба кафедраи забонҳои олмонӣ ва фаронсавии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омаданд.

Дар кафедра ҳамеша барои аз нав кардани низоми омӯзиш  корҳо ба иҷро расида, инчунин пайваста фаъолияти босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ бурда мешавад, ки инҳо барои мукаммалтар гардонидани методикаи омӯзиши забонҳо нақши бузург мебозанд ва натиҷаи ин тадқиқотҳо дар конфронси илмӣ-назариявие, ки ҳар сол дар донишгоҳ баргузор мешавад, баррасӣ мегардад.

Дар кафедра ҳамеша корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешавад. Устодони кафедра ба тадқиқи методҳои нави таълими забони хориҷӣ, коркарди роҳу воситаҳои ҷадиди омӯзиши он  ва қиёсаш бо забони тоҷикӣ доир ба вожашиносӣ, грамматика ва адабиётшиносӣ машғуланд.

 Кафедра робитаҳои қавии илмӣ бо дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Россия дорад. Ҳамчунин бо  кафедраҳои забонҳои хориҷии АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва ғайраҳо ҳамкориҳои пайвастаи илмию методӣ барқарор кардааст.  Комёбиҳои илмии кафедра дар рисолаҳои номзадии бисёр олимоне, ки корҳои илмиашонро дар пажӯҳишгоҳҳои  шарқшиносии АИ Россия, Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳимоя кардаанд, ифода ёфтааст.

Дар кафедра тайи ду соли охир сафи муаллимони ҷавон зиёд шуд, ки онҳо хатмкардаи донишгоҳҳои кишвар мебошанд ва ҳамаи устодони кафедра бо тадқиқоти мавзӯъҳои илмӣ машғул мебошанд, ки аллакай чанде аз онҳо дар омодаи анҷомёбӣ қарор доранд.