СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР РЎЗИ ДОНИШ

737

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (1.09.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар доираи ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён М. А., Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода М.С., муовини якуми вазири маориф ва илм Саломиён М.Қ. ба донишгоҳ ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

Сатториён М.А. зимни суханронии хеш оғози соли нави таҳсилро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли устодону донишҷӯён табрик намуда, ба донишҷӯён омӯхтани илму донишро вазифаи аввалиндариҷа номиданд. Мавсуф оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода М.С. дар робита ба дастовардҳои соҳаи илму маорифи кишвар дар масири истиқлол суханронӣ намуда, саҳми устодону кормандони Донишгоҳи миллиро дар рушди илму таълим назаррас арзёбӣ намуданд.

 Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби меҳмонони гиромӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон – муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо ордени Шараф дараҷаи II, Ҷалил Рашидов – профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика, Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф – декани факултети тиббӣ, Шамсов Илёсҷон Сафарович-декани факултети молиявию иқтисодӣ, Рӯзиева Лола Толибовна – мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус, Ҳимоҳиддин Юлдошев – профессори кафедраи биохимияи факултети биология бо медали «Хизмати шоиста» ва Малика Раҳимова – муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтӣ бо нишони «Аълочии тандурустӣ» қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, Қурбоналӣ Шеров – дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химия, Сабоҳат Алламуродова – дотсенти кафедраи забони русӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии факултети филологияи рус, Шодмон Юсупов – мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, Назрулло Аброров –мудири шуъбаи музди меҳнати раёсати муҳосибот ва Гулғунчамо Имомёрбекова -сармутахассиси раёсати таълим бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Зебинисо Иноятова –сардори бахши ҳамоҳангсозӣ ва ташхиси раёсати илм, Шарифамо Туманова -муаллими калони кафедраи моделсозии математикӣ ва компютерии факултети механикаю математика, Маърифат Абдулҳаева – дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химия, Ҳафиз Ҳофизов – муаллими калони кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва Суҳбатулло Шоев – ассистенти кафедраи химияи органикии факултети химия бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар чорабинӣ профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии факултети химия М. Раҳимова ва декани факултети физика, профессор Д.Солиҳов дар робита ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон суханронӣ намуданд.

Зимнан донишҷӯи курси чоруми донишгоҳ Д.Шарипов аз номи ҳамаи хатмкунандагони ДМТ меҳмони гиромиқадр ва устодонро табрик намуда, бо таманниёти нек ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии донишгоҳро ба намояндаи донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ Насридинзода Р. супорид.

Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти неки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба охир расид.