МУАРРИФИИ АВВАЛИН ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ ҶОРӢ

438

Имрӯз дар қисмати дуюми ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд.

Зимнан ба устодони зерини донишгоҳ, ки дар самтҳои гуногун рисолаҳои илмӣ анҷом доданд, дипломҳои номзадию докторӣ тақдим гардид. Маҷидзода А.Р., Саидов Қ., Имомназарова Т., Исмоилзода С., Аминҷони Ғ., Қодирзода З… Ҳамзамон, таъкид шуд, ки гурӯҳи кормандони факултети фарматсевтӣ бо роҳбарии профессори факултет Мусозода С. барои ихтирои «Малҳами зиддибактериявӣ» соҳиби патенти АвруОсиё гардиданд.

Инчунин, гуфта шуд, ки донишҷӯйи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ дар олимпиадаи байналхалқӣ тариқи маҷозӣ аз фанни молия иштирок намуда, соҳиби ҷой аввал гардидааст. Донишҷӯёни курси 3-юми факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Кабирова Маҳноза ва Тоиров Муҳаммад дар бахши инноватсия дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин муҳаққиқи ҷавони ИДМ», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни ҷавонону донишҷӯёни ИДМ доир гардид, ғолиб омада, бо дипломи дараҷаи 1 ва нишони ифтихории « Беҳтарин муҳаққиқи ҷавони ИДМ » сарфароз гардиданд.

Ректори донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастовардҳои илмию таълимияшон самимона табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.

Дар идомаи ҷаласа дар робита ба самтҳои гуногуни донишгоҳ гузоришҳо шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.