ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРӢ

495

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, бо гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат, махсусан омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ин нуқта имрӯз (3.05.2023) дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии “Ташаккули салоҳияти касбӣ – омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ баргузор шуд, зикр гардид.

Конференсияро сардори раёсати илми донишгоҳ Рустам Наботӣ оғоз бахшид. Сипас мудири кафедраи мазкур профессор, Мирализода А. доир ба мавқеи омӯзгор, салоҳиятҳои касбии он сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлоли мақому манзалат ва нақши омӯзгор боло рафта, баҳри беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо заминаҳои моддию техникӣ фароҳам шудааст.

Сипас, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, факултети филологияи рус Абдуллоева Т. доир ба нутқи хатии донишҷӯёни факултетҳои ғайризабонӣ баромад намуд. Инчунин, Юнусова Н. профессори кафедраи умумидонишгоҳии педагогика вобаста ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи педагогӣ-психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.