Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мутахассисон аз Институти муҳити зисти Финландия Риихимяки Юха бо намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти навиштани лоиҳаҳои муштарак, дарсҳои омӯзишӣ ва ба ҳайси эксперт фаъолият намудан дар таҳқиқоту омӯзишҳои муштарак аз базаи моддиву техникии факултети химияи ДМТ дидан намуданд. Мутахассион ба базаи модиву техникии факултет баҳои баланд доданд. Дар суҳбат бо декан ва коллективи устодони факултет ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои судмандро бо баргузории семинару ҳамоишҳои илмиву таълимӣ ба намуди маҷозӣ ба роҳ мемонанд.
Домой Ахбор