ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ИЛМУ ТАЪЛИМ

260

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба намояндаи Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар сафорати Русия дар Душанбе Бурулко И.Е. ва мушовири сафорати мазкур Уколов М.В. ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторҳои дахлдори донишгоҳ мулоқот намуданд. Зимнан ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои гуногуни илмии дипломатӣ, тадқиқоти муштарак, нашри мақолаҳои илмӣ-байналмилалӣ, табодули илмӣ-академӣ ва омӯзишӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид шуд, ки ДМТ омодааст ҷиҳати рушди муносибатҳои илмию таълимӣ ва анҷом додани пажӯҳишҳои муштарак ҳамкориро бештар намояд.