МУАРРИФӢ ВА ҚАДРДОНИИ ДАСТОВАРДҲО ДАР ШУРО

187

Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ иқдоми некеро рӯйи даст гирифтааст, ки қабл аз оғози баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва аксаран бо диплому ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Имрӯз (27.10.2023) низ дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро қадрдонӣ намуд.

Навгонии чашмарасе, ки дар самти илми донишгоҳ ба амал омад, ин иштирок ва ғолибияти корманди ИИТ назди ДМТ дар озмуни байналмилалии «Занони ихтироъкори ҷаҳон» ва соҳиби шаҳодатномаи номзадию докторӣ гаштани зумрае аз устодони донишгоҳ буд, ки муаррифӣ шуданд.

Ҳамзамон, дастоварди илмию варзишии зумрае аз донишҷӯён, ки дар озмуну мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок ва ғолибият ба даст овардаанд, қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ пайваста муаррифӣ мешаванд ва қадрдонии онҳо зимни баргузории ҷаласаҳои донишгоҳӣ сурат мегиранд.

Дастовардҳо муборак!