ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ

463

 Имрӯз (29.04.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо директори Филиали корпоратсияи роҳи оҳани Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гао Пэн ва муовини директори Филиали ширкати «Транс-таджик газ пайплайн компании лимитед» дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Тан Сзин мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин суханронӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳо дар робита ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён табодули афкор намуданд. Дар мулоқот гуфта шуд, ки дар заминаи Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ дар самтҳои барои ҳарду ҷониб мувофиқ ҳамкориҳо ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар заминаи чорабинии Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти Конфутсийи назди донишгоҳ ва Ассотсиатсияи корхонаҳои Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, доир гардид.