Имрӯз (03.05.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад Муҳаммадалии Каёнӣ ва профессонри ин донишгоҳ Маҷид Ғаюр Мубарҳан вохӯрӣ анҷом дод.
Дар оғоз ректори донишгоҳ ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба таърихи донишгоҳ, фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ, робитаҳои илмӣ, сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон кадрҳои лаёқатманд омода менамояд.
Меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф, бахусус дар самти тиб ва дорусозӣ арзёбӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад суханронӣ намуданд. Зимнан ҷонибҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, дарёфти барномаҳои муштараки илмию таълимӣ ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ бо донишҷӯёну устодони факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани робитаҳои муштарак заминаи мусоид мегузоарад.
Нимаи дуюми рӯз вохӯрии меҳмонон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ меҳмонон оид ба фаъолияти гуногунҷанбаи Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад ва рушди соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ намуданд.