Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорои пайвандҳои қавии таърихӣ, анъанаҳои устувори дӯстӣ ва ҳамкории муштараки судманд мебошанд. Дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Пажӯҳишгоҳи миллии муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии доктор Ҷавод Муҳаммадӣ ба Донишгои миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо масъулини бахши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба густариш додани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва омӯзиши технологияи нави замонавӣ, роҳандозии фаъолияти муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва табодули ҳайатҳои илмии ду ҷонибро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан меҳмонон бо фаъолияти Маркази биотехнологияи назди Донишгоҳ шинос шуда, аз дастовардҳои он дидан намуданд.