БАРРАСИИ ОМИЛҲОИ БЕРУНИИҚТИСОДӢ

444

Принсипи пешгирикунӣ дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат ва дурнамои тараққиёти саноат дар ВМКБ, воридотивазкунӣ ҳамчун воситаи тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистон, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва танзими бехатарии сармоягузорӣ аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки имрӯз (05.05.2022) аз ҷониби иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Омилҳои берунииқтисодии татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети молиявию иқтисодии ДМТ доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Конференсияи мазкур бо сухани муқаддимавии сардори Раёсати илм Р.Наботӣ ва декани факултети молиявию иқтисодӣ Шамсов И. оғоз шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози ҳамоиш гуфта шуд, ки конференсия ду бахш: бахши татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши омилҳои берунииқтисодии рушди иқтисодиёти миллӣ идома намуда, беш аз чил маърӯз аз ҷониби мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор мегирад.