ДАБИРИ КУЛЛИ АССАМБЛЕЯИ ХАЛҚҲОИ АВРУОСИЁ ВА АФРИҚО ДАР ДМТ

144

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ дарҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ ва тафоҳумро бо тамоми мамлакатҳои олам боз намуда, бо аксари давлатҳои сайёра муносибати мутақобилан судманд дорад. Бо шарофати сиёсати хориҷии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муносиботи судманд пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

Дар доираи рӯзҳои Ассамблеияи халқҳои АвруОсиё ва Африқо дар Тоҷикистон имрӯз (25.10.2024) ҳайати намояндагони Ассамблеяи мазкур – роҳбари Дабири Кулл Андрей Белянинов, муовини котиби генералӣ Станислав Лвович Королев, раиси Шурои генералӣ Светлана Константиновна Смирнова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. ва дигар намояндагони раёсати Донишгоҳ вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар оғоз профессор Сафармамадзода С.М. ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам гуфта, меҳмони олиқадрро бо вазъи илму таълим дар Донишгоҳ ва патенсиали илмии Донишгоҳ муфассал ошно намуда, афзуд, ки Донишгоҳ бо чандин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории мутақобалан судманди илмӣ дорад.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо аксари давлатҳои сайёра, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Зимнан дар рафти мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва шарикӣ, мусоидат ба сулҳу амнияти халқҳо, рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва муносибатҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дар идома меҳмонон аз шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази русии Донишгоҳ брздид намуда, инчунин, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи рус мулоқот карданд.