Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ имрӯз (12.03.2022) устодони Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти аввалини Русия Б.Н. Елсин: директори Институти илмҳои табиатшиносӣ ва математикаи донишгоҳ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Рогожин С.А ва номзади илмҳои биологӣ, дотсент Зинитская С.А. ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода бо устодону донишҷӯёни факултетҳои физика, механикаву математика, химия ва биология вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба омӯзишу пажӯҳиш, табодули устодону донишҷӯён ва рушд бахшидани самтҳои мухталифи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ суханронӣ намуданд.
Зимнан таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо бо намояндагони илму таълими муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба роҳ монда шудааст ва он дар самти рушди муносибатҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, мусоидат менамояд.