ИФТИТОҲИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

521

Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана ҳафтаи сеюми моҳи апрел бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд. Конференсияи имсола бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо» доир мегардад.

Имрӯз дар қисми ифтитоҳии конференсия, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро барои баргузории конференсияи мазкур табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявю байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд. Гуфта шуд, ки дар конференсияи мазкур 1191 маърӯза аз ҷониби устодону кормандон, докторантону магистрантон ва 1729 маърӯза аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар идомаи суханронии хеш оид ба муҳиммияти чорабиниҳои «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо» суханронӣ намуд.

Ҳамин тавр, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои физикаю математика, профессор Каримов Ф. «Моделсозии ҳаракати прияхҳова тармаҳо дар қаламрави Тоҷикистон», доктори илмҳои филологӣ, профессори Маҳмадаминов А.С. «Оид ба зарурат ва аҳаммияти нашри интиқодии «Мухтасари тарҷумаи холи худам»-и Садриддин Айнӣ», номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов Ҷ. «Инъикоси масоили мубрами таърихи ташаккулшавии нахустин давлатҳои Ориёӣ дар осори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Гулов Ш. «Хусусиятҳои андозбандии объектҳои моликияти зеҳнӣ дар шароити муосир» шунида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки конференсия то санаи 27-уми апрел идома хоҳад ёфт.