ИШТИРОКЧИЁНИ УНИВЕРСИАДАИ ПАТЕНТӢ

571

Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро таҳти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон дошта буд.

Санаи 11-уми июни соли ҷорӣ дар Маркази миллии патент ва иттилоот ғолибони универсиадаи патентии авруосиёгӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Беҳзод Обидов ва Иноятзода Гулафзо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, донишҷӯён Маҳмадалӣ Ҷӯрабоев, Исмоилзода Ситора, Ҷонона Ҳодиева, Афзунмеҳр Раҳмонов ва Халилова Меҳрона бо «Диплом»-и Кумитаи тадорукот сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибону иштирокчиён аз ҷониби масъулони Маркази миллии патент ва иттилоот супорида шуд.