Ш.Ғаффурpзода–директори Литсейи ДМТ, номзади илмҳои филология, дотсент
Email: shokhrukh.habibi.@mail.ru
Тел: 93-533-29-93
Суроға: кӯчаи Деҳлавӣ, 5
Литсейи равияи табиию риёзӣ (РТР) бо фармони Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18.08.2009 (№ 417-09) ташкил ёфта, он дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.09.2009 № 91065/4 (16.1-4) ҳамчун муассисаи таълимӣ дар ҳайати Донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст.
Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомнома, Оинномаи литсей ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Нақшаи таълимии литсей дар асоси нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикисон барои солҳои 2016-2020 дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Литсейи донишгоҳ фаъолияти таълимию методии худро дар асоси нақшаи мазкур ба роҳ мондааст. Машғулиятҳои дарсӣ дар литсей дар 2 баст, басти 1-ум соатҳои асосӣ ва басти 2-юм соатҳои иловагӣ гузаронида мешаванд.
Қабул ба Литсей ҳамасола тариқи озмун-суҳбат сурат мегирад. Бо фармоиши Ректори Донишгоҳи миллӣ барои қабули довталабон Комиссияи бонуфуз таъсис меёбад. Ба ҳайати Комиссия директори литсей, намояндаи Раёсати таълим, омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятӣ шомил мегарданд. Литсей хонандагонро аз тамоми манотиқи кишвар тариқи озмун-қабул мекунад.
Дар литсей дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ ва фармоиши директори литсей Шӯрои методии литсей таъсис дода шудааст. Шӯрои методӣ паҳлуҳои гуногуни фаъолияти литсейро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор медиҳад. Дар назди Шӯрои методии литсей 4 иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ амал мекунад. Онҳо низомномаи худро дошта, таҳлили дарсҳо, натиҷаи соли таҳсили сипаришуда ва вазифаҳои аъзоёни Шӯроро барои фаъолияти минбаъд муайян менамоянд. Тавсияҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ба таври умумӣ пешниҳод карда мешаванд.
Иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои табиӣ, иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои дақиқ, иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ–гуманитарӣ ва иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо дар асоси нақшаи солонаи худ фаъолият менамоянд.
Литсей дорои бинои дуқабатаи таълимӣ ва биноҳои дигари ёрирасон буда, масоҳати таълимии он 1041,1 метри мураббаъ мебошад, Литсей дорои майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, майдончаи сафороӣ, толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, озмоишгоҳҳои фанни физика, биология, химия, синфхонаҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика, география, таърих, омодагии дифои ҳарбӣ, созмони хонандагон, синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои корӣ ва ғайра мебошад.