НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПСКОВ ДАР ДМТ

548

Имрӯз (29.03.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х бо мовини ректори Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Русия оид ба таълим ва робитаҳои байналмиллалӣ Серова Олга ва мудири бахши иттилоот дар соҳаи таълими  Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Русия Лобарёв Дмитрий вохӯрӣ анҷом дод.

Дар оғоз ректори донишгоҳ ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Псков суханронӣ намуданд.

Зимнан ҷонибҳо дар самти табодули устодону донишҷӯён, дарёфти барномаҳои муштараки илмию таълимӣ ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.