18 октябри соли 2023 якумин Озмуни миллӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби сурх баргузор гардид. Дар озмуни мазкур дастаҳои олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин озмун Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дастаи олимпии факултети ҳуқуқшиносӣ муаррифӣ намуд.
Боиси хушнудист, ки баъд аз 3 даври сабқатҳо дастаи олимпии факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, сазовори Ҷоми миллӣ гардид. Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоми мазкур дар осорхонаи факултет дар радифи дигар дастовардҳо ҷойгир карда шуд.
Садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дастаи олимпии факултетро бо ин дастовард табрик менамояд ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш музаффариятҳоро орзу менамояд.