ПРЕЗИДЕНТИ СУЛҲОФАР ВА ҶОМЕАСОЗ

146

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ, истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, сарҷамъии миллат, таъмини ваҳдат ва раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат басо бузурганд. Ин нукта имрӯз (14.11.2024) зимни баргузории ҳамоишиилмию фарҳангӣтаҳти унвони «НақшиПешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар таҳкимисулҳу ваҳдат ва давлатдории миллӣ», ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.

Ректори Донишгоҳ профессор, Насриддинзода Э.С. зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихӣ табрик гуфта, зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Таъкид доштанд, ки баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ривоҷу равнақ пайдо намуданд.

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ: намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф дар мавриди аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, онро нахустин қадам дар роҳи давлатсозии миллӣ ном бурд. Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвар саҳифаи нави давлатдориро боз намуда, дар ҳақиқат тақдирсоз ва мақоми созандагиаш беназир аст. Бо туфайли ин Иҷлосия роҳи давлатдории мо ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ободӣ ва пешрафту тараққиёт муайян шуд, ки бо назардошти нақши сарнавиштсоз доштан, имрӯзҳо яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихии миллати тоҷик аст.

Таъкид шуд, ки баъд аз ин санаи таърихӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босубот, волоияти қонуну тартибот беҳтар гардида, ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Баъдан раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мавқеи Сарвари давлатро нисбат ба ояндаи кишвар маълум гардонид. Корномаи беназир ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ ва ё Президент, балки, пеш аз ҳама, ҳамчун сулҳофар ва эҳёгари арзишҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст.

Устоди факултети фалсафа Саидзода Далер зимни суханронӣ иброз дошт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аркони давлатдории миллиро устувор намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистонро поя гузоштанд. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва эътирофи байналмилалии он бағоят бузург буда, обрӯву эътибори кишвари азизамон дар миқёси ҷаҳонӣ зиёд гашта истодааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш ғолибони озмуни умумидонишгоҳии «Нақши китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ» байни донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар анҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ хотири тамошобинонро болида намуд.