Имрӯз, ки мо дар арафаи 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, боз як рӯзи фараҳбахшу хотирмон дар донишгоҳ ба вуқуъ омад.
Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти пурсамар дорад. Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ бо ташаббус ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмил ва боло бурдани донишҳои замонавӣ ва малакаи касбии омӯзгорони тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2011, №124 таъсис дода шудааст. Донишкада фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ, ки бо Қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.11.2012, №18/6 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.
Мақсади оинномавии Донишкада такмил ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ муайян карда шудааст, ки аз муқаррароти моддаҳои 21, 33, 38, 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 3,11, 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» низ бармеояд.
Имрӯз Донишкада барои такмили ихтисоси омӯзгорон курсу семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию назариявӣ, илмию методӣ ва ғайраро ташкил ва баргузор менамояд.
Дар шароити амалишавии ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисоси омӯзгорон яке аз масъалаҳои мубрам ва калидӣ маҳсуб меёбад. Пояи моддӣ-техникӣ, методӣ ва мактаби бузурги устодони Донишкада имкон медиҳанд, ки барномаҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва ғайритахассусӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шаванд.
Дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ дар Донишгоҳ сохта ба истифода додани толору синфҳонаҳо, биноҳои таълимию маишӣ, лабораторияву марказҳои замонавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Имрӯз (03.11.2022) дар фазои тантанавӣ синфхонаи барҳавои Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд, мавриди истифода қарор гирифт. Синфхона бо мебел ва техникаи ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, аз амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Дар самти таъмин намудани шароити мусоиди корӣ, таҳкими пояи моддӣ-техникии Донишкада раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пайваста кумак намуда, аз таваҷҷуҳи пайвастаи ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бархурдор мебошад.
Раёсати Донишкада якҷоя бо кормандон аз ин шароит самаранок истифода намуда, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон чораҳо судманд андешида, бо неруи созанда ба фаъолияти корӣ такони нав мебахшад.
Ёдрас мешавем, ки чунин синфхонаҳои замонавӣ дорои таҷҳизотҳои муосир дар сохтору факултетҳои донишгоҳ ташкил ва насб гардида истодааст.