Табодули донишҷӯён

         Вазифаи Сохтори ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва табодули академӣ аз баланд бардоштани сатҳи ҷалбкунандагӣ ва рақобатпазирии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар миёни довталабон ва шарикони хориҷӣ иборат аст. Ин ҳадаф тавассути ташкили фаъолияти фарогир ва ҳамоҳанг амалӣ мегардад, ки ба таҳким ва густариши ҳама гуна шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ин миссия метавонад тавассути роҳҳои зерин амалӣ гардад:

  • таҳия ва ворид намудани барномаҳои мобилияти академии омӯзгорон ва донишҷӯён ба амалияи таълимии ДМТ;
  • такмили низоми алоқаи оммавӣ  бо мақсади паҳн намудани самараноки иттилоот дар байни аудиторияи мақсаднок ва фарогирии ҳарчӣ бештари он;
  • баргузор намудани чорабиниҳои самти ихтисосдиҳӣ ва ҳидояти касбӣ бо ҳадафи мубодилаи таҷрибаи фарҳангӣ ва академӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои мобилияти академӣ дар пойгоҳҳои онҳо барои омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ;
  • фароҳам овардани шароит барои таҳкими робитаҳо бо шарикони хориҷӣ бо мақсади расидан ба сатҳи ҷаҳонии ҳамкориҳои байнидонишгоҳии байналмилалӣ;
  • ширкат дар чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ (конференсияҳо, форумҳо, симпозиумҳо) бо ҳадафи барқарорсозии робитаҳои нави шарикӣ ва таҳкими ҳама шаклҳои ҳамкории байналмилалӣ ва ғ.