ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ДОНИШГОҲ

465

Дар доираи ҳамкориҳо имрӯз (28.06.2024) мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо – Раиси Кумитаи дӯстии Парламенти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кумитаи мазкур баргузор гард. Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушду нумуи ҳамкориҳои густурда ва дӯстонаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ёдовар шуда, доир ба имконияту шароит ва захираҳои ташаккули робитаҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва омӯзиши Донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз имконияту зарфияти илмию таълимии Донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ, суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ пешниҳодҳо намуда, иброз доштанд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишвари пешрафтае мисли Арабистони Саудӣ дар афзалияти сиёсати Донишгоҳ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар навбати худ Раиси Кумитаи дӯстии Парламенти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо аз дастгирию муносибатҳои дӯстонаи роҳбарияти Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъулини соҳаи маориф ва илми кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои ҷолиб иброз дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки Арабистони Саудӣ омодааст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ дар робита ба масъалаи барномаҳои таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён дар самти таҷрибаомӯзӣ ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамкорӣ ва дастгириро бештар намояд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ба меҳмон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Пас аз анҷоми вохурӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуда, ба он баҳои баланд доданд.