УСТОДОНИ ДМТ АЗ ФОРУМИ ИХТИРОЪКОРОНИ ХОВАРИ МИЁНА 3 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

51

Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба татбиқи илм бо истеҳсолот, ҳамзамон, амали гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар ҳама самтҳо тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Иштироки олимони соҳа ва муҳаққиқони ҷавон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷумлаи онҳост, ки солҳои охир дастовардҳои назаррас дар ин самт рӯйи кор меоянд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бистсолаи мазкур дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта истодааст.

Ҳамин аст, ки аз 16-ум то 19 феврали соли 2025 дар Давлати Кувайт 15-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гардид ва дар он устодони Донишгоҳи миллӣ ширкат варзиданд.

Ифтитоҳи намоишгоҳ бо иштироки вазири маорифи Давлати Кувайт, доктор Ҷалол ат-Табтабаӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Кувайт, инчунин, намояндагони васеи ВАО баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи сатҳи байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот аз 42 давлати дунё 197 ихтироъкор дар зиёда аз 50 самти илмӣ навгониҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Дар ин намоишгоҳ 6 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 3 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Самиҳзода Шонаврӯз Раҳим – доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, ҳамзамон, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химия, Ёров Муродбег Ёрович – номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи усули таълими химияи факултети химия ва Аловуддинзода Рухшона Мустафо – номзади илмҳои химия, муовини директори Институти илмию таҳқиқотӣ иштирок намуданд.

Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ созмон дода шуда буд, 19 феврали соли ҷорӣ маросими расмии ҷоизасупорӣ баргузор гардид.

🥇🥈 Дар миёни 197 иштирокчӣ аз 42 давлати ҷаҳон намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби 2 медали тилло (Самиҳзода Ш.Р., Аловудинзода Р.М.) ва 1 медали нуқра (Ёров М.Ё.) гардиданд.

Гуфта мешавад, ки ихтироотҳои пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтироотҳои олимони тоҷик баҳои баланд додаанд. Инчунин, таваҷҷуҳи сармоягузорони Вазорати иқтисод ва савдои давлати Кувайт ба ихтироотҳои олимони Тоҷикистон бештар гашта, дар зимн масъалаҳои грантҳои илмӣ миёни олимони тоҷику давлати Кувайт баррасӣ гаштааст.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз (20.02.2025) дар қисмати аввали ҷаласаи раёсати ДМТ, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. иштирокчиёни 15-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёнаро табрик гуфта, барои дастоварди назарраси илмияшон ба мукофотпулӣ пешниҳод намуд.

Дастоварди илмӣ муборак!