Кафедраи кори иҷтимоӣ

 Мудири кафедр 

номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

Гиёев Қурбон Ҳилолович

Кафедраи кори иҷтимоӣ моҳи июни соли 2012 таъсис дода шуда, мудири он н.и.ф., дотсент Гиёев Қ. таъин гардид. Дар ҳ айати кафедра аз ибтидо ду номзади илм – Гиёев Қ., Ашурова С., ва ду муаллими калон – Зеваров Х. ва Қурбонов Қ., инчунин се нафар ассистент- Атоев Ш., Ғуломова М. ва Сафаров Н. кор мекунанд.

Фаъолияти асосии кафедра ба самтҳои зерин равона гардидааст:

– таълими фаннҳои тахассусӣ;

– роҳбарӣ ба корҳои илмӣ ва мустақилонаи донишҷӯён;

– тайёр намудани маводи таълимӣ бо забони давлатӣ;

– муқаррар намудани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бобати таҷрибаомӯзии донишҷӯён;

– муқаррар намудани робитаҳои илмӣ бо Донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ аз рӯйи кори иҷтимоӣ.

Айни замон ихтисоси кори иҷтимоӣ дар факултети фалсафа яке аз мавқеъҳои муайянро дар байни дигар ихтисосҳои факултет ишғол менамояд. Хатмкунандагони ин ихтисос дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият карда истодаанд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

1.     Гиёев Қ.Х. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

2.    Ашрапова С. – номзади илмҳои таърих, дотсент;

3.    Зеваров Х. – муаллими калон;

14. Ғуломова М. – ассистент;

5.    Мирсаидова Ш. – ассистент;

Маҳмадуллоева Н. – лаборант.