Кафедраи онтология ва назарияи маърифат

Мудири кафедра

Зиёев Идибек  Ғозиевич

Кафедраи онтология ва назарияи маърифат  дар зиминаи кафедраи фалсафа соли 2010 ташкил  ёфтааст. Роҳбарии кафедра бар уҳдаи доктори илмҳои  фалсафа, профессор  Зиёев И.Ғ. вогузор карда шудааст. То моҳи октябри соли 2012 бо кӯшиши устодони кафедра силсилабарномаҳои намунавии таълимӣ барои фанњои таълимї,  матни лексияҳо, силлабусҳо омода карда шуданд. Дар ин давра устодони кафедра дар таҳия  ва нашри китобҳои дарсии  «Таърихи фалсафа»  ва  «Фалсафа» саҳм гирифтанд. Инчунин китоби дарсӣ бо номи  «Фалсафаи тоҷик аз аҳди қадим то ба имрӯз» бо қалами профессор Комилов Р. С.  ба таъб расид.

Устодони кафедра: профессорон Зиёев И.Ғ.,  Аҳмадов С. А, Маҳмадалӣ Музаффар, Қурбонов А.Ш., дотсент Маҳмадова М.Ф., н.и.ф.,  Маҳмадиев Н.Д.,  м/к Шарипов Ҷ. Қ., ассистентон: Давлатов П., Одинаев С., Назаров С.,  ба таълиму тадриси фанҳои тахассусии умумии фалсафӣ, аз ҷумла ахлоқ ва зебоишиносӣ (эстетика) машгғул ҳастанд. Аз моҳи октябри соли 2012 роҳбарии кафедра ба уҳдаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Аҳмадов С.А. гузошта шуд. Дар давраи мудирии ӯ силлабусҳо ва барномаҳои фанҳои таълимии кафедра таҷдиди назар ва  такмил дода шуданд. Дар ин давра ба тасҳеҳи барномаҳои таълимӣ  ва  корҳои илмии устодон, навиштани китобҳои дарсӣ, силсилабарномаҳо, маърӯзаҳои илмӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, муҳокима ва баррасии онҳо  дар ҷаласаҳои кафедра сурат гирифт.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

1.    Зиёев И. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

2.    Ахмедов С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

3.    Маҳмадова М.- номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

4.    Маҳмадиев Н. – номзади илмҳои фалсафа, м/к;

5.    Шарипов Ҷ. – м/к;

6.    Назаров С. – ассистент;

7.    Абдуназарова Ш. – лаборант;