Кафедраи сиёсатшиносӣ

Кафедраи  сиёсатшиносӣ аз соли таҳсили 1991-92 амал менамояд ва он дар  заминаи собиқ кафедраи коммунизми илмӣ бунёд

гардидааст. Кафедраи  коммунизми илмӣ бошад, бо фармони Вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон аз  21-уми августи соли 1963 ташкил шуда буд. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои  ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино С.А. Раҷабов буд. Сипас, сарварии кафедраро чунин олимон ба уҳда доштанд: д.и.ф, проф. Қ.С. Собиров- 1971-1974, д.и.т., проф. Шарипов Я.Ш.-1974-1980, н.и.т., дотсент Ҷамолов Н.Ҷ.-1980-1997, д.и.с., проф. Зокиров Г.Н.-1997 то ин ҷониб.

Айни замон дар кафедра устодони зерин машғули коранд: Солеҳов Қ. -н.и.ф., дотсент; Туаров Т. -н.и.т., дотсент; Абдулҳақов М. -н.и.с., дотсент; н.и.с., дотсент Муродова Н.; номзадони илмҳои сиёси, муаллимони калон Раҷабов Б., Раҷабов И.; ассистентон – Турдиназаров А., Исаев У. ва Раҳимов Д.

Фаъолияти кафедра, бахусус баъди таъсиси шуъбаи сиёсатшиносӣ (соли 1998) боз ҳам пурқувват гардид. Дар як муддати кутоҳ ба кормандони кафедра муясар шуд, ки чунин дастур ва воситаҳои таълимиро таҳия намоянд: “Интихобот ва системаи интихоботӣ” (Зокиров Г.Н.-2000); “Моҷарошиносӣ” (Зокиров Г.Н.- 2002); “Донишномаи сиёсӣ” (Зокиров Г.Н.- 2007); “Сиёсатшиносӣ” (Солеҳов Қ., Туаров Т.-2003) ва ғайра.

Устодони кафедра дар панҷ соли охир дар 17 конференсияҳои сатҳашон гуногун иштирок намудаанд. Кафедра ду конференсияи ҷумҳуриявиро гузаронд ва онҳо: “Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ” (14-15 сентябри соли 2005); “Тоҷикистон: масъалаҳои сиёсии рушд” (17-18 октябри соли 2007).

Дар кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили илмии “Сиёсатшинос” мунтазам фаъолият мекунад. Донишҷӯёни фаъолу пешқадам дар озмунҳои сатҳашон гуногун иштирок менамоянд, ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ байни макотиби олӣ мебошанд (Ҳакимова М., Турдиназаров А.).

Аз сентябри соли таҳсили 2012 дар кафедра маҳфили инфиродии «Шабафрӯз» фаъолият менамуд. Он муаллимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёнро фаро мегирад ва дар як моҳ як маротиба гирд омада, масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишварро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Дар ин давра маҳфили мазкур хеле фаъолона амал намуда, 10 маҷмӯаи илмиро мавриди таваҷҷуҳи хонандагон гардонид. Дар онҳо маърӯза ва ё гузориши аспирантон, муаллимони ҷавон ва донишҷӯён гирд оварда шудаанд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

1.    Зокиров Г.Н. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор;

2.    Солеҳов Қ. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

3.    Тауров Т. – номзади илмҳои таърих, дотсент;

4.    Абдулҳақом М. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;

5.    Муродова Н. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;

6.    Раҷабов И. – номзади илмҳои сиёсӣ, м/к;

7.    Раҷабов Б. – номзади илмҳои сиёсӣ, м/к;

8.    Турдиназаров А. – ассистент;

9.    Исаев У. – ассистент;

10.Раҳимов Д. – ассистент;

11.Мусоева Ш. – лаборанти кафедра.