Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Мудири кафедра

доктори илмҳои фалсафа, профессор

Комилов Рустам Саъдуллоевич

Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дар тули мавҷудияти худ вобаста ба талаботи ҷомеа бо мутахассисони соҳаи фалсафа ва зарурати ташкил шудани ихтисоси фалсафа дар донишгоҳ чандин маротиба табдил ва тағйири ном кардааст. Аз ибтидои таъсисёбиаш  таҳти  унвонҳои кафедраи таърихи фалсафа (солҳои 1992-2004), кафедраи фарҳангшиносӣ (солҳои 2004-2010) ва аз моҳи марти 2010 исми кунунии худро гирифтааст. Мудирии кафедраи мазкур ба зимаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Комилов Р.С. вогузор карда шудааст. Устодони кафедра Диноршоев М.-д.и.ф., академик, Комилов Р. д.и.ф., профессор, Назаров Р.- д.и.ф., профессор, дотсентон: Нурулҳақов К., Ш.Б.Ҷумъаев М.Ҳ.Умедов, Р.Г.Хокироев ва Ш.Т.Амирхонов- н.и.ф., м/к.,  М.Б.Элназаров-м/к., Ф.Н.Давлатёров –м/к., Б.С.Амондуллоев –ассистент мебошанд. Онҳо  асосан ба таълиму тадриси фанҳои тахассусии фалсафӣ ва умумитаълимии фарҳангшиносӣ фаро гирифта шудаанд.

Аз моҳи октябри соли 2012 мудирии кафедраи мазкур бар дӯши доктори илми фалсафа, профессор Комилов Р.С.  гузошта шуд. Ӯ аз оғози ба ин фаъолият пардохтанаш баҳри қавию устувор  гардонидани   ҳайати устодон- профессорони кафедра  таваҷҷуҳи худро равона кардааст. Ҳамин иқдом аст, ки ба ҳайати устодони кафедра доктори илми фалсафа Р.Назаров, академик М.Диноршоев, доктори илми фалсафа И.Зиёев ва номзади илми фалсафа Қ.Нурулҳақов ба кор даъват карда шуданд.

Масоили илмие, ки мавриди тадқиқу таҳлили ҳамаҷонибаи коллективи кафедра қарор гирифтааст, аслан масоили умдаи таърихи афкори фалсафӣ ва фарҳангию ахлоқӣ мебошад. Натиҷаҳои фаъолияти илмии  кафедра дар шакли монография ва мақолаву фишурдаҳо инъикос шудаанд.

Бо ташаббуси мудири кафедра профессор Комилов Р.С. таълифу таҳияи китобҳои дарсии фалсафа ба расмият даромадааст, ки барои донишҷӯёни риштаҳои тахассусиву ғайритахассусӣ туҳфаи басо ҷолибанд. Нашри китобҳои дарсии «Таърихи фалсафа», «Фалсафа» (-Д.. 2011) ва «Фалсафаи тоҷик: аз аҳди бостон то имрӯз» (-Д., 2011), «Фарҳангшиносӣ»(Назаров Р.)  намунаи возеҳи онанд.

Ҳайати устодону кормандони кафедра

1.    Комилов Р.С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

2.    Назаров Р.Н. – доктори илмҳои фалсафа, профессор;

3.    Нурулҳақов Қ. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

4.    Ҷумаев Ш. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

5.    Умедов М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

6.    Хокироев Р. – номзади илмҳои филологӣ, дотсент;

7.    Амирхонов Ш. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

8.    Элназаров М. – м/к;

9.    Давдатёров Ф. – м/к;

10.Амондуллоев Б. – ассистент;

11.Нодирхонов Г. – ассистент;

12.Амирбекова И. – лаборант;