ЧОРАБИНИИ ҶАШНӢ ДАР КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

589

Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.  

Дар он палковник Назарзода Дилмурод – мудири кафедраи ҳарбии донишгоҳ, мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия иштирок намуданд.

Палковник Назарзода Дилмурод ҳозиринро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки расо 29 сол пеш, 23 феврали 1993 дар рӯзҳои басо душвору таърихӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд ва дар печутоби роҳи душвори истиқлол, таҳкими Ваҳдати миллӣ чун ҳомӣ ва сипари давлату миллат хизмат намуданд.

Зимнан мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. устодони кафедраи ҳарбиро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, зумраеро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуданд.