ВАТАНДӮСТӢ, ЯЪНЕ МАЪНАВИЁТУ МАДАНИЯТИ БАЛАНД…

307

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода хониши сиёсӣ бо иштироки муовини аввал, муовинии ректор оид ба таълим Собирзода Н.М., муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. ва устоди факултети фалсафа, сиёсатшинос Сафарализода Х.Қ. бо устодону кормандони донишгоҳ доир гардид.

Зимнан Собирзода Н.М. дар робита ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва раёсати донишгоҳ тависяҳои судманд дод. Зимнан гуфта шуд, ки дар замони муосир барои ҳар як давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешавад. “Мо вазифадорем, ки дар ин самт аз пештара бештар фаъолият намоем”-афзуд ӯ.

Сафарализода Х.Қ. дар суханронии хеш иқдоми роҳбарияти донишгоҳро ҷиҳати баргузории хониши сиёсӣ дар самти такмили донишҳои муосир судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. “Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш қайд намуданд: ки “Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад””- таъкид намуд Сафарализода Х.Қ..Дар идомаи чорабинӣ Сафарализода Х.Қ. оид ба масъалаҳои иттилоотию тарғиботии сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳимтарин мавзӯ дар ин самт ин мавзӯи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавиёту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ чунин чорабиниҳои маърифатӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки устодони соҳаҳҳои мухталиф ҷараён доранд.