ДАСТГИРӢ ВА ҲАВАСМАНД ГАРДОНИДАНИ ҶАВОНОН

421

Имрӯз (19.04.2023) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе вохӯри намуда, барои дастоварди назаррасашон самимона табрик намуд. Ректори донишгоҳ дар рафти суҳбат қайд кард, ки дастгирии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз ҷавонон дар татбиқи сиёсати маорифпарварона, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар нақши муҳим доранд.

Барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи Пойтахт дар фазои тантанавӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Аз донишгоҳ олимону муҳаққиқони ҷавон Бобохонзода Раҷабалӣ, Камолова Иқлима, Ҳасанов Меҳрубон, дар соҳаи илмҳои дақиқ Хушвахтзода Муҳиддин, дар соҳаи рӯзноманигорӣ Ҳукматуллоева Дилноза ва миёни донишҷӯён Шаҳриёр Забиров, Муҳаммадҷон Солиев, Абдулло Муртазоев, Рустамзода Латифабону, Саидзода Ҷомӣ соҳиби стипентияи мазкур гардиданд.

Ҳамзамон, хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ низ соҳиби стипентияҳои зерин шудаанд.

Стипендияи Президентӣ – 4 нафар хонанда:

Ғаффорзода Шаҳбоз, Қосимзода Робия, Закияи Ҷалолиддин ва Шарифов Искандар.

Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе – 3 нафар хонанда: Оишабонуи Садриддин, Нурова Марям ва Раҳимзода Муҳаббат.

Ёдовар мешавем, ки стипендияи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани хонандагону донишҷӯён, унвонҷӯён, олимон, муҳаққиқони ҷавон ва соҳибистеъдодҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст.

Ба ҳамагӣ муборак шавад!