ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

512

Дастаи ғолибони олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» сазовор 10 ҷойи ифтихорӣ гардид.

Имрӯз (18.05.2023) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастаи ғолибони озмуни мазкурро қабул ва барои дастоварди навбатиашон самимона табрик намуд.

#ҶОЙИ_АВВАЛ:1. Бобохонов Муҳаммадҷон Фурқатҷонович – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси химияи факултети химия (аз фанни химия).

2. Тешаев Абдухолиқ Ҷамшедович – донишҷӯйи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафа (аз фанни сиёсатшиносӣ).

3. Давлатёров Суҳайлӣ Сайфуддинович – донишҷӯйи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси фалсафаи факултети фалсафа (аз фанни фалсафа).

4. Қодирова Хайринисо Ҳамидовна – донишҷӯйи курси 2-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикӣ факултети филология (аз фанни забон ва адабиёти тоҷик).

#ҶОЙИ_2-ЮМ

1. Қурбонзода Муҳсин Толибҷон – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси физикаи факултети физика (аз фанни физика).

2. Забиров Шоҳрӯз Фаррухович – донишҷӯйи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси молия ва қарзи факултети молия ва иқтисод (аз фанни назарияи иқтисодӣ).

3. Қирғизбекова Перӯза Ниёзмамадовна – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси иттилоот ва робитаи факултети журналистика (аз фанни педагогика).

4. Кузибаев Дилшод Абдуманонович – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси рӯзноманигории факултети журналистика (аз фанни забони русӣ).

#ҶОЙИ_3-ЮМ

1. Почоева Мударриса Абдуҳакимовна – донишҷӯйи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси забонҳои муосири хориҷии (англисӣ-тарҷумон) факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (аз фанни забони англисӣ).

2. Сулаймонов Вайсиддин Фатҳиддинович – донишҷӯйи курси 2-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафа (аз фанни таърих).

Ҳадаф аз баргузории олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои гуногуни илм мебошад.