“РОҒУН” ОЯНДАИ МОСТ “

272

Шунидан кай бувад монанди дидан” зарбулмасали машҳурест, ки чанде пеш ба ҳикмати қадима ва ҳақиқати раднашаванда будани он бори дигар бовар ҳосил кардам ва он ҳам дар сафар ба НБО-и “Роғун”. Дар ин сафар нуктаи зер низ дар зеҳнам омад, ки ҳатто он тассуроту эҳсосе, ки бевосита бо чашм аз табиату шоҳкориҳои инсон дар вуҷуди кас пайдо мешавад, аз мушоҳидаи чунин манзараву шоҳкорҳо тавассути оинаи нилгун пайдо шуданаш амри муҳол аст. Воқеан, сафари намояндагони ДМТ ба НБО- “Роғун” саршор аз шуру шавқ буд. Аз як тараф, табиати сабзу тозаи аз гармои тобистон осебнадидаи Роғун, аз тарафи дигар, пеши дарёро бастану синаи кӯҳро шикофтани коргарон ҳар бинандаро шефта мекунад. Бо мушоҳидаи созандагиҳои Роғун ба воқеияти созандагии ин миллат ва ба қадри истиқлолияту ваҳдати миллӣ, ки кафили пешрафту калиди дастовардҳоянд, мерасӣ ва дарк месозӣ, ки миллат вақте сарҷамъ шавад, тақдири худро чи гуна месозад.Вақте сухан сари бунёдкориҳои замони истиқлол меравад, пеш аз ҳама, Неругоҳи барқии обии “Роғун” пеши назар меояд. Роғун фақат неругоҳ нест, балки фаротар аз он аст. “Роғун” имрӯзу фардои Ватан аст, “Роғун” дурахши фардои миллат аст. Ба “Роғун” ояндаи мо вобаста аст.

Эҳёи бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” комилан ба ирода, ташаббус ва тасмими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Маҳз қатъияти Сарвари давлат мухолифини бунёди неругоҳи Роғунро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар водор сохт, ки ба мавқеи созандаи Президентамон мувофиқ шаванд. Сарвари давлат итминон бахшиданд, ки мо ҳангоми бунёди неругоҳи “Роғун” манфиати ҳамсоякишварҳоро ба назар мегирем, барои ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳалли мушкилоти он дар минтақа саҳм мегузорем. Маҳз мавқеъ ва роҳнамоии Пешвои миллат мардуми Тоҷикистонро ба бунёди неругоҳ дилгарм карда, онро ба иншооти миллӣ табдил сохт. Адиб ва публитсисти рус Александр Проханов дуруст мефармояд: “Рогунская ГЭС — президентская стройка. Это любимое детище Президента Эмомали Рахмона…” Ин адиб ва публитсист ҳангоми боздид аз неругоҳ ҳамчунин нақбҳои зеризаминнии неругоҳро васф намуда, онҳоро намунаи олии тамаддуни созандагии миллати тоҷик меҳисобад.

Мувофиқи лоиҳа неругоҳи “Роғун” дар ҷаҳон назир надорад, яъне сарбанди он бо баландии 335 метр сохта мешавад. Иқтидори Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба 3600 МВт баробар буда, аз 6 агрегати 600 МВт иборат аст. Дигар аз махсусияти неругоҳ дар он аст, ки ин иншоот барои истеҳсоли барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ва ҳифзи табиат мусоидат менамояд. Бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун агар аз як тараф фарҳанги созандаи миллати тоҷикро нишон диҳад, аз тарафи дигар барои иҷрои Стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад. Зеро Роғун танҳо як неругоҳ нест, балки дар заминаи он ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидаву мегарданд. Аз ҷониби дигар дар оянда бо истифода аз иқтидори он даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои нави иҷтимоӣ, аз қабили мактабу беморхона бунёд мешаванд. Ин неругоҳ воқеан ҳам кохи пурҳашаматест, ки пояҳои истиқлоли Ватанро иқтидор бахшида, ба олами табиӣ нур мефизояд. Бошад, ки ҳамин нур муҷаллову ба қалбҳо сурур ато намояд. Зеро нурофарӣ бо зӯру бозуи мардуми матиниродаи тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар ин самт пешдаст буданамонро нишон диҳем. Бузургиву шаҳомати ин иншоот дар он зоҳир мегардад, ки воқеан ҳам насли нави синфи коргари миллӣ дар замони истиқлол ташаккул ёфтаву шинохта шавад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар баробари таассурот ва хотироти фаромӯшнашаванда аз ин сафар боз барои хатмкунандагони факултетҳои табиӣ-риёзии ДМТ заминаи таҷрибаомӯзӣ ва ҷойи кор дар НБО-и “Роғун” гузошта шуд. Аз ҷумла, дар мувофиқа байни раёсати ДМТ ва роҳбарияти НБО-и “Роғун” донишҷӯёни ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ метавонанд аз ин ба баъд таҷрибаи истеҳсолӣ ва пешаздипломии худро дар ин неругоҳ гузаранд ва дар зимн рисолаи хатми худро вобаста ба неругоҳ таҳия намоянд. Воқеан, НБО-и “Роғун” пойгоҳи хуби фаъолият ва ҷойи кору майдони набарди хатмкунандагони ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва дигар ихтисосҳои дахлдори донишгоҳ мебошад.

Муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М.