ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

204

Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. профессори факултети физика Хоҷазода Т.А. ва декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. дар Форуми байналмилалӣ “Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир” бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамагуна самтҳои илм ва таълим омода аст, дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти худро бо Донишгоҳи давлатии Томск ба роҳ монда, аз пойгоҳҳои илмиву техникӣ ва неруи зеҳнии олимони ҳарду Донишгоҳ васеъ истифода баранд. Ҳавасмандии асосӣ дар самти табодули устодону магистранон ва донишҷӯён дар самти таълиму илм, мактабҳои тобистона, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, қабули хатмкунандагони зинаи бакалаврӣ дар зинаи магистрӣ, омодакунии кормандони илмӣ, таҳқиқи маводи маҳаллӣ ва ғайра карда шуд.

Айни ҳол дар базаи Донишгоҳи давлатии Томск зиёда аз 11 нафар аспиранту магистран аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиву таълимӣ мебаранд.

Донишгоҳи давлатии Томск (ДДТ), бо фармони император Александри II соли 1878 барои рушди иқтисодӣ ва фарҳангии қаламрави бузурги Россия аз Урал то Шарқи Дур таъсис ёфта, фаъолияти худро аз соли 1888 оғоз кардааст, ки имсол 145 сола шуд.

Айни ҳол Донишгоҳ аз 21 институту факултет иборат буда, дар он 27 академик, 500 доктори илм, профессор, 1300 номзади илм фаъолият намуда истодаанд. Дар Донишгоҳ 250 ихтисос амал мекунад, ки 15 197 нафар донишҷӯ аз 67 давлати ҷаҳон (3525 нафар донишҷӯ) таҳсил карда истодаанд.

Имрӯз ДТТ аз рӯи рейтинги QS (дар ҷаҳон ҷойи 264 ва дар Россия ҷойи 4-ро гирифтааст), яъне дар қатори 300 донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳон қарор дорад.

ДДТ донишгоҳи классикӣ буда, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои гуногун омода мекунад. Дар баробари тайёр кардани мутахассисон проблемаҳои гуногуни илмӣ ва иқтисодиро ҳал мекунад: ихтирои доруҳои нав, истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тоза, сузишвории биологӣ, моддаҳои аз ҷиҳати биологи фаъол, катализ ва катализатор, мета- ва трансдисиплинарӣ, сифати зиндагӣ, рушди устувор, экосистемаҳо, теника ва технология ва ғайраҳо.

ДТТ инфраструктураи тараққикардаи иҷтимоӣ дорад: хобгоҳҳои замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдони варзишӣ, бинои варзишӣ, марказҳои истироҳатии тобистона, боғи ботаникӣ ва ғайра.

Бо фармони Президенти Россия Донишгоҳи давлатии Томск ба Кодекси давлатии объектҳои махсусан пурарзиши мероси фарҳангии халқҳои Федератсияи Россия дохил карда шудааст.