ЗАНОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА МАҚОМИ ВИЖА ДОРАНД

231

(Курси омӯзишии “Зан-сарвар” дар ДМТ)

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан-сарвар” ба роҳ монда шудааст, ки дар курси навбатӣ бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд.

Курси мазкурро муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии «Зан-сарвар» пеш аз ҳама амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносии занону духтарон, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода суханронӣ намуда, афзуд, ки сарварии занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон аҳамият ва муҳиммияти ба худ хос дошта, диққати муҳаққиқону коршиносонро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар таҳким ва рушди равандҳои ҷомеа мақом ва нақши махсуси худро дорад.

Ташаккулёбии ниҳоди сарварии занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии давлат буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Зеро заминагузории оғози ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба қувваи созандаи зан – модари тоҷик эътимоди комил дошта, бо ташаббуси худ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кушиш намуданд, фазои мусоидро баҳри ҷалби ҳарчи бештари занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа фароҳам оваранд. Таҳлили имрӯзаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мавқеи онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии қишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки мо ба марҳилаи рушд рафта истодаем – афзуд Гавҳар Шарофзода.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи курси омӯзишии “Зан-сарвар” бо иштироки занони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.