ТАРАННУМИ АНДЕШАИ СОЗАНДА

215

Ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дувумин конференсияи байналмилалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» роҳандозӣ шудааст, ки дар кори ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию адабии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд.

Имрӯз (11.10.2023) дар доираи баргузории ин ҳамоиш меҳмонон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ сохта шудааст, боздид намуданд.

Меҳононро мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ Қобилҷон Қурбонов, сардори раёсати илми донишгоҳ Рустам Наботӣ ва декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ истиқбол ва роҳнамоӣ намуд.

Баъдан меҳмонон аз дастхатҳои Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дидан карда, ба таърихи дастхатҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, дар толори Ганҷина ҳамоиш дар робита ба рушди ҳамкориҳои илмию адабӣ доир гардид, ки беш аз 20 нафар хотимони илмию адабии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндагони сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ иштирок дошатнд.

Ҳамоишро декани факултети филологияи ДМТ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ андеша намуданд. Қайд гардид, ки андешаҳои навоваронаи ин ҳакими бузург масъалаҳои гиромидошти анъанаҳои миллӣ, ҳифзи ватан ва аъмоли инсонпарваронаи пешвоёни халқро дар бар гирифтааст.

Сипас меҳмонон, аз ҷумла Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ дар робита ба гиромидошти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҳар навиштаи Абулқосим Фирдавсӣ ҷилои ҳикмати оламгири ӯро мушоҳида кардан мумкин аст. Афкори ватандӯстонаи ӯ дар ҳар мисраи шеъраш таъкид мегардад. Аз ин лиҳоз метавон ӯро чун муаррификунандаи андешаҳои ватандӯстона шинохт.

Ҳамин тавр дар ҷараёни ҳамоиш донишҷӯёни факултет аз ашъори бузургони сухан шеърҳо қироат намуданд.