ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ БОСУБОТИ СОҲАИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

292

Бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ» дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарифов Ҷ. ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки иқтисод яке аз пояҳои Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Тамоми акторҳои мустақили муносибатҳои байналхалқӣ мехоҳанд ба истиқлоли иқтисодӣ ҳам ноил гарданд, вале расидан ба ин ҳадаф якчанд марҳалаи рушдро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари ба истиқлол соҳиб гардидан зарурат ба гузаронидани ислоҳотҳои ҷадиди иқтисодӣ дошт. “Таҷрибаи 32 – соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон пур аз мушкилоту тазодҳо, бурду бохт ва пастиву баландӣ аст. Новобаста аз он, ки Истиқлоли давлатии мо дар ибтидо ба моҷарои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлол ислоҳоти ҳамаи соҳаҳо ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи меҳварии хеш эълон намуд”- таъкид шуд дар ҳамоиш.

Зимнан гуфта шуд, ки Пешвои миллат 12-уми декабри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба мардуми кишвар зарурати барқарорсозии фаъолияти ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои бозориро шарҳу тавзеҳ дода буд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пеш гузошташуда, соли 1994 фаромони Сарвари давлат “Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа доир ба таъмини ислоҳоти иқтисодӣ ва тезонидани суръати гузариш ба иқтисоди бозорӣ” ба имзо расид. Мазмуну муҳтавои фармони мазкур, пеш аз ҳама, аз иҷрои меъёрҳо ва талаботи муҳими иқтисоди бозорӣ, махсусан озод намудани нархҳои дохилӣ, танзими асъор ва тиҷорати хориҷӣ иборат буд.

Дар ин баробар “Барномаи комплексии дигаргунисозиҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000” қабул карда шуд. Барномаи давлатии мазкур заминаҳои озодкунии нархи ҳамаи молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, тиҷорати хориҷӣ, вусъат бахшидани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ташаккули ҳуқуқии иқтисоди бозориро дар кишвар гузошт.

Дар идомаи конференсия декани факултети молиявию иқтисодӣ Иброҳимзода И.Р. “Нақши Пешвои миллат дар рушди низоми молиявию бонкии кишвар”, декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳ.Р. “Нақши Пешвои миллат дар истифодаи захираҳои обӣ-энергетикии мамлакат” ва профессори кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Шамсов И.С. “Ҳолатҳои кунунӣ ва муаммоҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш мутахассисон иброз доштанд, ки муҳимтарин масъалае, ки заминаи рушди иқтисоди миллиро дар кишвар гузошт, ҳалли маҳдудиятҳои коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, оҳану ҳавоӣ ва таъмини робита бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.

Дар ин муддат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус ва доимӣ сурат гирифт. Ҳанӯз дар ибтидои солҳои Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: “Бояд нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд карда, мамлакатро ба як қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиётии кишваромонро ба мамолики дуру наздик таъмин намоем”.

“Тамоми пешравиҳо ва заминаҳои рушди босуботи соҳаи иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Ин сиёсат имкон дод, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон роҳи мустақим ва манфиатноки муносибатҳои иқтисодиро дар сатҳи лозима пеш гирад. Имрӯз фазои Тоҷикистон дар заминаи сулҳу субот боварӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро таҳким бахшида, рушди устувори иқтисоди кишвар дар пай дорад”- гуфта шуд дар конференсия.