ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ДАР ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ

176

Имрӯз ба ифтихори ҷашнҳои таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бокси Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҳамкорӣ ба Федератсияи ҷаҳонии бокс бо иштироки доираи васеи варзишгарони ватанӣ чорабини оммавӣ-варзишии «Дави бокс» (Боксзабег) баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур беш аз 300 нафар устодону донишҷӯёни ДМТ фаъолона ширкат доранд. Чорабинии мазкур дар сатҳи байналмилалӣ бо ҷалби ҷавонону варзишгарон баҳри тарғиби намудҳои намудҳои гуногуни варзиш роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки баргузории чунин чорабинӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани риштаи дӯстии варзишгарон мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин ғамхории доимӣ ҷиҳати дастгириҳои молиявию моддии варзишгарони муваффақи диёр ва имконияти баргузории мусобиқоти бошукуҳи варзишии сатҳи байналмилалӣ ҷиддан кор бурда шуда, варзишгарони мо пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.